Зуҳур Ёров аз олам гузашт

  Академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон, коршинос, олим, файласуф, шоир мутахассиси соҳаи геология Зуҳур Ёров аз олам даргузашт. Зуҳур Ёров зодаи деҳаи Ғуҷовасти Ванҷ (соли 1938) буда, пас аз хатми мактабу донишгоҳ 40 дар вазифа ва сохторҳои гуногуни соҳа фаъолияти меҳнатӣ доштааст.
  Зуҳур Ёров солҳои 1961-1971 техник-геолог, сардори гурӯҳи (партия) геологӣ, 1971-1975 роҳбари гурӯҳи геологҳои шӯравӣ дар Афғонистон, 1975-1981 роҳбари гурӯҳи ҷустуҷӯӣ-геологӣ дар Управленияи экспедитсияи геологии Помир, 1981 – 1997 сардори Иттиҳодияи сангҳои гаронбаҳо ва ороишии Помир (Помиркварцсамосвет)-и Умумииттифоқӣ дар минтақаи Осиёи Миёна, 1996 корманди масъули Кумитаи сангҳои гаронбаҳо ва ороишии назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 1997 Зуҳур Ёров сардори Эспедитсияи иктишофии (ковишӣ-геологӣ) геологии Помир – Геологияи тоҷики назди Ҳукумати Тоҷикистон будааст.
  Даргузашти Зуҳур Ёров аҳли илму фарҳанги кишварро сахт андӯҳгин намуд. Шоири маъруф Абдулқодир Алавӣ дар сӯги ӯ марсия сурудааст:
Бурдӣ ба дил пур ҳамагӣ конӣ ганҷи Ванҷ,
Бо рафтанат устоди азиз гаштаем ба ранҷ.
Моро раҳо намуда, бирафтӣ ба кӯи дӯст,
Эй кони панду маърифати Ванҷи пур зи ганҷ,
Мину муборакат, ба он мулки ҷовидон,
Моем, дар ин саройи вуҷудӣ, дар сипанҷ.
  Ванҷ имсол ҳар лаҳзаву ҳар соат фарзонафарзандон ва абармардони худро дорад, аз даст медиҳад, ашк шабу рӯз аз дидагон ҷорист, чи ғазабе дорад, Худованди меҳрубон бо мо, Худоё, аз ту пӯзиш мехоҳем, моро бибахшо!.  (Абдулқодир Алавӣ, шаҳри Маскав).12.05.2020.

1 Назар

  1. Бисёр хуб мешуд агар дар бораи ҳаёту кору бору рузгори ин абармард ба пурраги навишта мешуд. Зеро хидмати ин фарзанди миллат барои миллати тоҷик хело бузург аст

Добавить комментарий для Аъзамшо Лағви посух

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.