Усто Аъло даргузашт

  Шоири маъруф ва ҳамдиёри арҷманди мо, азизи дилҳо, инсони шариф, устоди моҳир Аълохуҷа Сурхов, ки бо тахаллуси Аъло шеър мегуфтанд ва дар шаҳри Ёвон зиндагӣ доштанд, дар таърихи 11.05.2020 аз олам даргузаштанд.
  Аълохуҷа Сурхов зодаи деҳаи Унбари Даргови Рохарв (15.07.1954) пас аз хатми мактабу донишгоҳ дар макотиби диёру кишвар адои вазифаи муаллимӣ кардааст. Аз соли 1984 инҷониб дар маркази ноҳияи Ёвон сукунат ихтиёр намуда, солҳои тӯлонӣ ба касби пуршарафи муаллимӣ шуғл доштанд. Дар он ҷо ба ҳайси омӯзгор, ҷонишини директори мактаби №5 адои вазифа намуда, аз соли 1997 то 1999 вазифаи мудирии Кабинети методии шӯъбаи маорифи ноҳия ва аз сентябри соли 2001 то моҳи сентябри соли 2007 мудирии мактаби шабонаи коргарҷавонони №1-и ноҳияи Ёвонро ба ӯҳда доштаанд. То ин замон омӯзгори фанни математикаи мактаби такягоҳии №1 буда, роҳбарии семинарҳои омузгорони ноҳияро ба дӯш доштанд.
  Аҳлу илму адаби кишвар аз вафоти Устод андӯҳгин шуданд. Шоири диёр Иззатманди Саломиён дар сӯги ӯ марсия суруданд:
Оҳ аз ин чарх, аз ин чарх, ки ғофилгир аст,
Нангарад бар рақами умр, ҷавон ё пир аст.
Дарди дил бо ту нагуфтему нагуем дигар,
Вақт бурандатаро, аз дами ҳар шамшер аст.
Фурсати умр агар миҷа задан беш набуд,
Хуш ба ҳоле нафаре бастаи ин занҷир аст.
Сӯҳбати дӯст ба фардо нагузоред, ки рӯз,
Фурсате ҳаст, ки шоми сиёяҳаш пайгир аст.
Хабари марг-т ,бародар хабари сода набуд,
Хоса гар дӯст туро сирати оламгир аст.
Пас аз ин ҳузн маро хиттаи Ёвон набарад,
Ки маро гумшуда дар дашт яке нахчир аст.
  Давлатмир Давлатов устод ва шоири диёр аз фавти ӯ чунин изҳори андӯҳ карданд:
  Аз рӯзе, ки ба гурӯҳи фейсбукии Ванҷ шомил шудам,аз дастгириву маслиҳатҳои устод бархурдор будам. Устоди зиндаёд, шоири ширинсухан ва қадрдоне буданд. Аз даргоҳи Худованд барояш имони комил талабгорем ва ба хонаводаву наздикону хешу табораш сабри ҷамил орзумандем. Омин!..
Ёди ту ба дида буд, ба дил рафт, Устод!.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.