Холиқ ба афрод қобилияту тавоноиҳои зеҳнию ҷисмии мутафовит ато карда, бархе аз мазияти бештаре бархурдоранд. Афрод, аслан, ба донишу ҳунар фазилат доранд ва ба сабаби ин ду эшон дар зиндагӣ қадру мартаба меёанд ва баъд аз вафот дар дунё ному нишона мегузоранд.
Адҳам Холиқовро дар Ванҷи Боло ҳама мешиносанд. Аз ӯ муаллим, усто ва домулло ном мебаранд. Ба ваҷҳи маҳорат дар ин пешаҳо эътирофу ба ҷиҳати кирдори неку ҳусни хулқ эҳтиром мекунанд.
Адҳам Холиқов шахси соҳибилму хирадманду муаллим аст. Дар чандин муассисоти илмӣ дар тахассусҳои гуногун таҳсил намуда, аз беҳтарину донотарин шогирдон будааст ва устодону ҳамдарсонаш аз ӯ нек тавсиф мекунанд. Ҳоло ҳам, аз ҷумлаи беҳтарин муаллимони диёр аст.
Устод Адҳам шахси мӯъмину муттақӣ буда, аз овони ҷавонӣ намозхону китобхон буд. Дар замони шӯравӣ, ки аҳкоми диниро асосан пиру солмандон риоят мекарданд, ӯ аз зумраи ҷавонони ангуштшуморе буд, улуми шаръиро омӯхта, ҳамчун Домулло Адҳам номдор шуда, маросими диниро дар деҳа мегузаронд. Ба дигарон хондани намозу китобро меомӯзонд.
Адҳам Холиқов дар анвои ҳунармандӣ маҳорати тамом ва “Усто Адҳам” унвон дорад. Худ риёзӣ ва ҳандасадони тахассусӣ аст. Корҳои муҳандисиро ба беҳтарин ваҷҳ анҷом медиҳад. Бисёр хонаҳои истиқоматии деҳа ва дигар иншооти хидматии мардумро аз бунёд то бом ӯ сохтааст.
Дар деворгарӣ ва соири корҳои пардозгарӣ, чӯбкорӣ, оҳангарӣ маҳорат дорад. Табақу қошуқ, фӣ, лавозимот барои ҷуфткорӣ, мисли юғу испор метарошид. Дар коркарди чарм, мӯзадӯзӣ, дастмӯзадӯзӣ моҳир буда, дар солҳои сахту қаҳтӣ барои бехтани ғалла ғалбер месохт.
Яке аз кишоварзони кордону ботаҷрибаи водӣ буда, дар масоили соҳа ба дигарон тавсияву машвара медиҳад. Боғпарвари таҷрибадор буда, устои хеле хуби пайвандгар аст, ки вайро барои пайвандкунӣ ба деҳоти дуру наздики водӣ даъват мекунанд.
Устод як шахси ҳамакора (универсал), инсоне бо хӯву хислатҳои шоиста мебошад. Фарде ҳалиму ботамкину адабу назокату фаросат аст. Хеле хоксору дар муносибат ба мардум муаддабу хушгуфтору неккирдор аст.
Холиқов Адҳам Маҳкамович дар таърихи 2 апрели соли 1967 дар деҳаи Ғуҷовас дида ба дунё кушодааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №1-и деҳа, ба факултаи химия ва биологияи дар он замон Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) дохил шуда, вале таҳсилро тарк кардааст.
Дар соли 1986 ба хизмати артиш рафта, соли 1988 ба Донишкадаи хоҷагии халқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон) дохил шуда, дар риштаи агрономи таҳсил кардааст, вале дар соли чаҳоруми таҳсил тарки донишкада кард.
Дар соли 1997 дохили Коллеҷи омӯзгории Ванҷ шуда, онро хатм кардааст. Адҳам Холиқов дар соли 2015 ба факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ҳуҷҷат супурда, баъд аз хатми он соҳиби маълумоти олӣ гардидааст.
Адҳам Холиқов фаъолияти меҳнатиро аз совхози ба номи Федченко оғоз намуда, дар он ҷо аз соли 1993 то соли 1998 ҳамчун мутахассиси иқтисодиёт (экономист) кор карда, баъдан дар соҳаи талиму тарбия дар ҷамъият ифои хидмат кардааст.
Аз соли 1998 то соли 1999 дар вазифаи муррабии мактаб-интернати №1 кор карда, аз соли 1999 то соли 2004 муаллими хати ниёгон ва аз соли 2004 то ҳол муаллими фанни риёзии (математика) мактаби мазкур мебошад.
Устод яке аз муаллимону риёзидонҳои беҳтарини ноҳия буда, шогирдонаш дар мусобиқаҳои байнимактабии ноҳиявӣ ҷойҳои ифтихориро касб кардаанд.
Назари хешро иброз кунед