Ифтихороварони диёр

  Дар мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштии самбо барои дарёфти Ҷоми Вазири умури дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 13.02.2021 то бевактии шаб идома дошт, фарзандони диёр хуб дурахшиданд. Дар маҷмуъ шермардони диёр чор медали тилло, як нукра ва ду биринҷро соҳиб шуданд, ки беҳтарин нишондиҳанда дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ё ин панҷоҳ фисади медалҳои мусобика аст. Паҳлвонони мо тавонистанд бори дигар исбот кунанд, ки паҳлавонӣ ба номи мардои ин сарзамин бо аз қадим сабт аст. Ба гуфти устод Наврӯз Гулзод:
Чу дунёро бино кардӣ Худованд,
Ливои гӯштӣ бар ванҷӣ доданд,
Нахустин пеша омад паҳлавонӣ,
Дигар яксар ҳунарҳо баъду сонӣ.
Ифтихороварони диёр инҳоянд:
1.Зафар Олимшоев, 90 кг, мақоми аввал;
2.Деваштич Убайдӣ, 82 кг, мақоми аввал;
3.Сорбон Сулаймонов, 74 кг, мақоми аввал;
4.Масъуд Қӯқаншоев, 62 кг, мақоми аввал;
5.Раҳмихудо Шарипов, 90 кг, мақоми дуввум
6.Худобахш Сулаймонов, 62 кг, мақоми севвум;
7.Восифӣ Каҳҳорзода, 52 кг, мақоми севвум.
  Аз боргоҳи Эзиди маннон барои ҳама паҳлавонони диёр тани сиҳату имони комил ба дар оянда муваффақияту пирӯзиҳои беш аз пешро таманно дорам.
  Як сабқати дигаре, ки баҳсу ҷанҷолҳои зиёдро дар пай дошт, ин кӯштии Ёқубҷон Боқиев бо Халилзода Субҳиддин буд, ки ба гуфти масъулин ва чанде аз мураббиён бидуни иштирок дар вазнкашӣ омада, дар мусобиқа ширкат варзид ва вазнаш хело ҳам боло буд. Вагарна имкон буд, ки як медоли тилои дигарро ба хазинаи паҳлавонии диёр, Ёкубҷон зам мекард.
  Хосатан, аз бародарони мухлиси диёр изҳори сипос мекунам, ки то нисфи шаб дар курсиҳои палостикӣ нишаста, аз паҳлавонон мухлисӣ мекунанд. Ҳама мухлисӣ мекунанд, аммо аҳли диёр мухлиси хосанд, имшаб аз тифли нӯҳсола то мардони беш аз шастсола тарки кору бору хоби ширин карда, ташвиқгару дуогӯи паҳлвонони диёр буданд. Гузориши Аъзамшоҳи Ширговадӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.