Сайдалӣ Ҷилонов

  Ҷилонов Сайдалӣ Шералиевич 17 июни соли 1963 дар деҳаи Мурғутгаи ноҳияи Ванҷ дар оилаи муаллими маъруф Шералӣ Ҷилонов ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна дар соли 1980 ба факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо муваффақият хатм кардааст.
  Сайдалӣ Ҷилонов хизмати ватанро дар Ашқободи Туркманистон адо карда, солҳо дар деҳаҳои Мурғутга ва Гармчашма шуғли муаллимӣ дошта, наслҳои зиёдро таълим дода, тарбия кардааст.
  Муаллим бисёр одами инсондӯст, ҳалим ва хоксор буданд ва ба мақоланависӣ ва ғазалхонӣ завқу рағбати зиёд дошт. Беш аз сад ғазали Ҳофизи Шерозиро аз бар карда буданд.
  Муаллим Сайдалӣ Ҷилонов аз соли 2002 мисли соири ҳамватанон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан оғоз кард. Муаллим соли 2015 аз олам даргузашт.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.