Ҳимматпаҳлавон

  imatpalvonЯке аз намояндагони маълуму машҳури варзиши суннатии Ванҷ – гӯштигирӣ, Ҳиммат Иззатов ҳисоб меёбад. Ин паҳлавоии бо тамоми маънӣ номдори кӯҳистон соли 1913 дар деҳаи Ғичовасти деҳшӯрои Рованд дар оилаи деҳқони камбизоат таваллуд шудааст. Баъди хатми Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хоруғ ӯ тамоми ҳаёти худро ба шуғли пурифтихори омӯзгорӣ бахшидааст. Дар ташаккули ӯ чун гӯштигири касбӣ хизмати устодонаш Абдусаломбек ва Зиёратшоҳи дарвозӣ калон аст.
  Ҳимматпаҳлавон дар ҳақиқат зеби майдон буд. Ҳатто касе гӯштии ӯро ягон бор надида, бо ӯ аввалин бор вомехӯрд, бо як нигоҳ аз қиёфаи ин мард гӯштигири ҷасур буданашро эҳсос мекард. У ҳатто дар ҳангоми пиронсолагӣ чунон чобукона роҳ мепаймуд, ки дар назар гӯё кафи пояш ба замин намерасид. Ҳаракати дастону қомати ин марди солхӯрда, гӯё бо ҳаракати махсуси худ намегузоштанд, ки пояш ба замин пурра ҷафс гардад. Ба назар мерасид, пойҳои ин марди дар гузашта тануманду болобаланд фақат андаке заминро лесида мегузаранд.
  Ба гуфти шоҳидон ӯ доимо бо як боварии аз чашми тамошобин пинҳон набуда ба майдон мебаромаду бо як навъ ҳаракати ба рақс шабоҳатдошта, гӯштӣ мегирифт. Ҳимматпаҳлавон чунон бо тезӣ мавқею мувозинати худро тагйир медод, ки мубориз худро гум карда, дер муқобилият нишон дода наметавонист. Ӯ гоҳ аз байн, гоҳ аз рост, гоҳ аз чап ҳалук мепартофту ӯро ба зудӣ аз мувозинат бароварда, бо як чобукии моҳирона ҳалуки баланд (пушти рони поёнро ба миёни ҳариф мондан) партофта, бо як тоб додан онро ба тахтапушт ба замин меафтонд. Ин усулро ванҷиён “Халуки банди миён” мегӯянд, ки усули дӯстдоштаи Ҳиммат паҳлавон ҳисоб меёфт.
  Ҳимматпаҳлавон дар ҳамаи маъракаю мусобиқаҳои расмиву ғайрирасмӣ дар Ванҷу Бадахшон ё дигар ҷойҳо ба ҳамнабардаш ба осонӣ дастболо мешуд. Шоҳидон то ба имрӯз аз зӯрозмоии у бо паҳлавони номии бадахшонӣ Муҳаммадаслам бо ифтихор ёдовар мешаванд. Аз амалу усул ва ҳаракатҳои ин паҳлавони номӣ гӯштигирони намоёни кунунӣ низ васеъ истифода мебараид. Баъзе аз усулҳо низ бо номи ӯ маъмуланд, масалан “Халуки Ҳимматӣ” халукест, ки ба миён мепартоянд.
  Дар ҷавонии худ Ҳиммат дар ҳақиқат марди даҳ ангӯшташ ҳунар будааст. Ба ҷуз гӯштигирӣ ӯ човандози моҳир, мутрибу ҳофизи ниҳоят хуштабъу ширинадо дар ҳаззоливу базлагӯӣ (дар доираи ахлоқ) беҳамто буд. Беҳуда нест, ки дар маъракаҳои диёр бо иштироки ӯ чунон одат карда буданд, ки набуданаш даррав эҳсос мешуд.
  Ҳимматпаҳлавон ҳамчунин дар касби деворзанӣ, дуредгарию оҳангарӣ, табаку қошуқтарошӣ, сохтани созҳои мухталифи мусиқӣ ва ғайра то даври пиронсолагӣ дар байни беҳтарин намояндагони ин шуғлҳо пешсаф будааст.
  Ҳимматпаҳлавон шогирдони зиёде тарбия намудааст. Дар байни онҳо Гулаҳмад Сафаров, устоди варзиши Тоҷикистон ва номзад ба устоди варзишп Иттиҳоди Шӯравӣ (дар гӯштии дзюдо), барои равнақи ин риштаи варзиш хизмат намудааст.
  Ҳимматпаҳлавон соли 1991 дар синни 78 солагӣ аз дунё гузаштааст, вале дар олами варзиши диёр ин марди наҷиб хотираи ҷовидонӣ дорад. (Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев). 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.