Шошопаҳлавон

  shoshodilovШошопаҳлавон (Шошо Дилов) соли 1916 дар Язгулом ба дунё омадааст. Ӯ аз беҳтарин анъанаҳои гӯштигирии Бадахшон ва ноҳияҳои ҳамҷавор бархурдор буда, иштирокчӣ ва ғолиби мусобиқаҳои гӯштии Осиёи Миёна ва Қазоқистон гаштааст. Ин паҳлавон дар анъанаҳои гӯштии авлодии худ, ки хеле қадимӣ буда, дар охири асри XIX ва аввали асри XX ба зинаи баланди ташаккули худ расид, тарбия ёфтааст. дар ин ҷода бояд ҳатман аз чунин паҳлавонони язғуломӣ монанди Мастибек Авазбеки Жамагӣ (тав. тахм. 1828-30), Мардони Боғчии Мотравнӣ, Маҳмадшариф Алиеви Жамагӣ, Ниёзбек Шомови Жамагӣ, Калои Қурчалибекови Андарбагӣ, Шо Паҳлавопн Мотравнӣ, Наврӯзмаҳмад Шамсови Вишхарвӣ, Чӯпон Давлатови Будунӣ ва ғайра ёдовар шуд. Номбурдагон дар давраи худ (нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX) дар равнақи ин намуди варзиш саҳмгузорӣ кардаанд. Аз рӯи маълумотҳо паҳлавонон бо ҳамзамонони дар мавзеъи Ванҷу Дарвозу Қаротегин, Афғонистону Бадахшон ва мулкҳои дуртар аз он пирӯз гашта, шогирди бешуморе ба воя расондаанд.
  Халқи диёр то имрӯз аз ин мардони майдон ёд карда, бо номашон ифтихор дорад. Албатта, Шошопаҳлавон бо истеъдоди варзишии фавқулодда баланди худ аз ин мактаб дар канор буда наметавонист.
  Дар тӯли чандин даҳсола (аз ибтидои солҳои 40-ум то ибти- дои солҳои 60-ум) ягон мусобиқаи гӯштии ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ бе ширкати фаъоли ӯ нагузаштааст. Шошо паҳлавоне буд, ки саросемагиро намеписандид, мисли баъзе аз варзишгарон беҳуда зӯр назада, бо як таҳаммулу дилпурии ба худ хос рақибро асабонӣ намуда, барои вайрон кардани мувозинати он вақти муносиб меҷусту якбора ба ҳуҷум гузашта, ӯро мағлуб месохт. Дар сӯҳбат марди хеле ботамкину хоксор буд.
  Пахдавон Шошо дар байни ҳамдиёрон чун шикорчии моҳир ном бароварда буд. Қариб тамоми паҳлавонони Язғулом аз солҳои 50-ум то кунун бавосита ё бевосита аз мактаби варзишии ин паҳлавон гузаштаанд. Дар байни шогирдонаш паҳлавонон Чӯпон, Шайх, Гандум, Панҷшанбе (Тақиев), писараш Меҳрубоншо ва бисёр дигарон номбардорони мактаби варзишии ӯ гаштаанд. (Аз китоби «Ванҷ» -и Ҳ. Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.