Қурбон Шоназаров

  Қурбон Шоназаров 1 маи соли 1932 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1947 синфи 7-уми мактаби маркази ноҳияи Ванҷро хатм намуда, бинобар набудани имконияти идомаи таҳсил ва вазнинии вазъи оилавӣ, дар экспедитсияи Помир, ки дар ноҳияи Ванҷ фаъолият дошт, шуғли меҳнатии хешро оғоз намуда, то соли 1949 кор кард. Аз соли 1949 то соли 1950 дар колхози “Коммунизм” фурӯшандаи дӯкони савдо, сипас соли 1950 ба шаҳри Хоруғ рафта, дар интернати давлатӣ таҳсил намуда, соли 1953 ба маълумоти миёна соҳиб гашт.
  Солҳои 1953-1955 шунавандаи мактаби ҳуқуқшиносии шаҳри Душанбе. Баъди хатми он фаъолияти касбиаш ин тариқ сурат гирифт: солҳои 1955-1958 муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Рӯшони ВМКБ, ҳамзамон аз курси такмили ихтисоси муфаттишҳои прокуратураи ИҶШС (дар ш.Ленинград) гузашта, аз моҳи декабри соли 1958 то моҳи яинари соли 1961 дар вазифаи муфаттиши прокуратураи ноҳияи Қалъаи Хумб ифои вазифа намуд. Дар ҳамин вазифа солҳои 1961-1962 дар ноҳияи Рӯшон кор кард. Ҳамзамон соли 1962 Донишгоҳи давилатии миллии Тоҷикистонро ба ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуда, солҳои 1962-1971 прокурории ноҳияи Ғармро баҷо овард. Фаьолияти минбаъдаи Қ.Шоназаров дар вилояти Қӯрғонтеппа сурат гирифт.
  Солҳои 1971-1977 прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа, 1977-1986 чун муовини аввали прокурори вилояти Қӯрғонтеппа кору фаъолият кардааст.   Қ.Шоназаров моҳи июни соли 1986 бо фармони прокурори ҷумҳурӣ, ба вазифаи прокурории ноҳияи Ҷиликӯл таъин шуда, то рӯзи вафоташ 27 декабри соли 1992 дар ноҳияи номбурда машғули адои вазифа буд. Ин марди оқилу корозмуда аз бемории фишори хун дар ноҳияи Хӯҷанд вафот карда, дар зодгоҳаш Ванҷ ба хок супурда шудааст.  
  Ӯ шахси ниҳоят фурӯтан, босавод, меҳнатдӯст, фарҳангӣ ва инсонпарвар буд. Ба серкориаш нигоҳ накарда, муттасил меомӯхт, ашъори зиёди бузургон аз қабили Хайём, Бедил, Саъдӣ, Х,офиз ва дигаронро аз ёд медонист, ҳини сӯҳбат онро бамаврид ва бо як оҳанги ба худ хоси гӯшнавоз қироат мекард. Хизматҳои намунавии Қ.Шоназаров бо мукофотҳои зиёди сатҳи умумииттифоқӣ ва ҷумҳуриявӣ қадр шудаанд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.