Эмом Раҷабов

  Эмом Раҷабов соли 1915 дар деҳаи Роғи амлокдории Ванҷ дунё омадааст.Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1932 ба сифати деҳқони оддӣ огоз намуда, соли 1936 аз курси котибони колхоз дар ноҳияи Калъаи Хумб гузашта, дар собиқ колхози ба номи К.Маркс ба ҳайси котиб кор кард.  
  Солҳои 1937-1943 Эмом Раҷабов мудири Шӯъбаи ақди иикоҳи иоҳия, сипас дар органҳои милитсияи Шӯравӣ ифои хи )мт иа мудааст. Баъди хатми мактаби дусолаи (1949-1950) ВКД-и шаҳри Тошкент, солҳои 1950-1973 дар ноҳияҳои Рӯшону Қалъаихумб ва Ванҷ вазифаҳои ҷонишини сардор ва сардори Шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияҳои мазкурро ба ӯҳда дошт.  
  Эмом Раҷабов дар ҳамаи давраи фаъолияти меҳнатию ҷамъиятиаш қобилияти калони ташкилотчигӣ, кордонӣ, масъулиятшиносӣ нишон дода, дар айни замон нисбати ҳамкорону зердастон ғамхорию самимият зоҳир мекард. То лаҳзаҳои охирини ҳаёт (марти соли 1990) қобилияти баланди меҳнатии хешро нигоҳ медошт. Барои хизмати намунавии бисёрсолааш ӯ бо чандин мукофоту ифтихорномаҳо қадр шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.