Қиссаи Бобии Млошариф

  Бобии Млошарифа ббии раҳматим (дхтарш бӣ вн вахт чанмоҳа бидаст) ай рӯи шнавяш ай ақрабо нақл мекар, ки вахте ки Млои дроз ай Авғнистун мезгараву аскарои срха мекуша, дарои амборора мешканаву карбосу ғаллара бай мардми камбағала тақсим мекнан. Бай бобии Млошарифанӣ чанд кеп газвор медан, ки қад-қади Ванҷ бай камбағалора тақсим кневу бреву мардма аз барҳамдии сохти камнистӣ хабар бде.
  Бобии Млошариф қатии ҷураш бобии Бидон ва аспо қад-қади Ванҷ газворора тақсим кара, ҷор заа мераван, ки: “Ҳкмати камнистӣ барҳам хӯр, ҳкмати мслмунӣ барқарор шӣ”, Баъди чанде гарнизони камнисто ай Хорғу Қалайхмб миёян, Млои дроз мегрезаву ҳамкору тарафдороша меқапан. Бобии Млошарифа ай Торшери Мрғтгаву бобии Бидона ай Сагбисти Мдехарв пешқапа дохта мебаран.
  Мераван, ки да Техарв шавшн мегара, бад мӯсфедора да як кадн қама менану як млесаи ишкошимии хдодарс бидаст, фикр мена, ки инора ҳатман қатл менану мн да хуни ду мслмон зомин мегарм. Остаак шав мехеза миёя мегашн, ки бкане тоқчараву бжғаруне грду гӯшаи деволшаву бгрезе ҷунтна каж кне.
  Мӯсфедо ва ҳилоҷое шавакӣ хдшуна бай Жмарчи Авғунистуна мерасунан. Бобии Млошарифа, ки млои босавод бидаст, хуб пазирфта, занш медану хунаш мезанану то охири ҳаётша мдарисӣ мена да Варфад. Бобии Бидон безану зрёт мегзара. Бобии Млошарифа модаршнӣ ай амн ҷо бидаст. Бад вн млесаи ишкошимира чанд мдате да Рохарв ҳапс менану бад ай млесагӣ озод, бад бай Ишкошима мерава.
  Бобии Млошариф ду дхтаву як бача доштаст, Бачаш да шонздасолагиш да шкор ҷар магара вафот мена, дхтари майдакиш сари зача мефавта, дхтари калниш қатии шӯшу бачаш солои навад чанд бор гзашта ума то сари Ванҷа ҳамара хабар грфт. Кампир бовҷуди саводи ибтидоӣ доштанш мегфтӣ, ки профессор боша, бисё илму маърифати бланд дошт, дар ҳар мавзуе гап мезо сханша да мавзу ва шеър тамом мекар. Ай амн дхтареш, ки дхтарак тавалд менаву хдш сари зача мерава, язнаш як қмандони упараст. (Ривояти А. Акрамов).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.