Гаҷирии Амонатпалвон

  Да вн давр дта палвони зур бидаст, Амонатпалвон да Ровану Ғофилпалвон да Поймазор. Амонатпалвон мега, ки да як ҷо бояд як зур боша, бояд ва Ғофил қваозмойӣ кнм, ё мн зур ё йӯ. Баъд аспа зин менаву сни Поймазор ҳаракат мена. Боор вахти песабарфӣ бидаст. Ғофилпалвон да рӯи бнг барф мерӯфтаст, ай дур дияст, ки як свораки сни Поймазор ва шаст умааестааст. Ай ҳаракату аспдавниёш мешноса, ки Амонатпалвонай. Бай занша мега, ки бра да кататабақ як ширҷӯши серширу рӯған кн, ки амн рованимааки гаҷир умааестаст. Амонатпалвон Ғофилпалвона доиме, ки медияст, пр мешкарнтаст, ки биё гӯштин бгирем та длм қарор бгира, ки кӣ зуртарай. Ғофилпалвон бисё мааки пхтаву пртаҳамл бидаст, мегфтаст, ки оли ягон вахт мегирему уқа гаранш намедааст. Неки Ғофилпалвон нисбати Амонат хела бӯзбала бидаст.
  Баъд Амонатпалвон мерасаву Ғофила лӯв мекна, ки бхамбта гӯштин бгирем. Ғофилпалвон мегаш, ки ӯ марак нав ра умаай, як дам бзан, биё як пиёла чой бгирем, ширҷӯши лой тиёрай мегиремшу бад мехезем гӯштин мегирем. Амиқа, ки мекна ин Амонат қабул намекна, гаҷир мегара, ки биё бгирем та длм қарор бгира. Баъд мӯсфеди Ғофилни мегаш, ки итават, ки мево сар кн бай рӯи бнга. Да рӯи бнги рӯфтгии Ғофилпалвону сар менан қваозмойира. Иқа кашокаш мекнан, ки Ғофилпалвон Амонатпалвона бланд вуч менаву ай рӯи бнг дангалш мена да дрни пртман. Амонатпалвон ягала мешпортаву аранге бадар мегараву рара мегираву сни Рован… Ривояти Назариев Ҳикмат.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.