Қамар Мирумадов 17 августи соли 1960 дар деҳаи Убгои деҳшӯрои Жовид таваллуд шудааст. Соли 1977 мактаби миёнаи №17-и ноҳияи Ванҷ, сипас соли 1983 Донишкадаи омӯзгории ш.Қӯрғонтеппаро бо ихтисоси муаллими математика хатм намудааст. Солҳои 1983-1985 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст. Солҳои 1987-1988 дар курси олии кормандони фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ш.Свердловск таҳсил ва соли 1995 бошад мактаби олии КБД хатм намуд. Аз соли 1988 то соли 1992 дар вазифаи сарваколатдори фаврӣ ва сардори БКҶ ШКД ноҳияи Колхозобод кор кард.
Полковник К.Мирумадов аз соли 1996 то соли 2002 ҷонишини сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фрунзе ва аз моҳи октябри соли 2002 инҷониб вазифаи сардории Шӯъбаи кофтукови ҷиноии РУД-и ш.Душанберо ба ӯхда дорад. Соли 2001 К.Мирумадов бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Спитамен дараҷаи 1” мукофотонида шудааст. Ӯ аълочии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед