Илҳомуддин Раҳмонов

  Илҳомуддин Раҳмонов 14-уми январи соли 1962 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, соли 1979 таҳсили мактаби №4-ро дар зодгоҳаш ба итмом расонидааст. Солҳои 1980-1982 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адои хизмат дошт. Дар сохтмони шаҳрҳои Байкалу Амурсаҳмгузорӣ намуда, барои фаъолияти намунавӣ тибқи Укази Президиуми Шӯрои Олии СССР бо медали «Барои сохтмони БАМ» мукофонида шудааст.  
  Солҳои 1982-1987 Илҳомуддин Раҳмонов дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии (феълан миллӣ) Тоҷикистон таҳсил намуд. Баъди хатми он фаъолияти касбии ин мутахассиси ҷавон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба тариқи зайл идома ёфтааст: солҳои 1987-муҳандиси техникаи бехатарии Раёсати корҳои ислоҳии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1989-1991-муфаттиши ирокуратураи ноҳияи Мурғоб ва Рушон,1991-1992-ёрдамчии прокурори шаҳри Орҷонкизеобод (феълан шаҳри Вахдат).  
  Илҳомуддин Раҳмонов солҳои 1993-2003 дар прокуратураи шаҳри Душанбе дар вазифаҳои прокурори Раёсати тафтишотӣ, муовини сардори Раёсати тафтишотӣ, сардори шӯъбаи прокуратураи шаҳр ва ёрдамчии калони прокурори шаҳри Душанберо ба ӯҳда дошта, мушовири адлияи дараҷаи аввал Илҳомуддин Раҳмонов аз соли 2003 инҷониб дар вазифаи муовини сардори Раёсати ташкилии кор ва назорати иҷрои он дар прокуратураи Генералӣ кору фаъолият мебарад. Хизмати бенуқсону намунавиаш бо чандин мукофоту ифтихорномаҳо қадр шудааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.