Моҳи майю талу теппаву канори кӯҳ паҳлӯи арчаҳою дар оғӯши чукрию торон ва хониши кабки дарӣ. Насими форам ва боди атромези баҳорон. Чӣ лаззату фараҳ ва осоише дорад, кӯҳистони тоҷик. Баъди боронҳои тӯлонӣ шамси пурмеҳр бағали абрҳои тираро дарронда, нурҳои пурҷилои худро парешон менамояд. Нурҳояш ба қатраҳои борон бар хӯрда дар само нурҳои рангину камоншакле пайдо мешаванд, ки мардми Ванҷи бостони мо онро “Камуни Рустам” меноманд.
Ана дар ҳамин вахт як машғулияти асосии мардуми мо сайри кӯҳу талу теппаҳост. Мардум кӯҳистон дар канори кӯҳ парварда шуда, на тарсе аз барф дораду на аз борон. Дар чунин рӯзҳо гурӯҳи ҷавонписарон борхалтаҳоро гирифта, ба чағорачинӣ1 мераванд. Ман ҳам борҳо ба пуштаи Бузонги деҳаамон ба чағорачинӣ баромадаам. Ин пуштаи мо аз чашмаи Дрозак оғоз шуда, қад-қади ин чашма бо пайроҳае боло рафта, баъди чанде ба бармолу хамбиҳои ин дараи зебо мерасӣ, ки саросар сабзаю арчазор аст.
Дар инҷо мавзеҳои Зормор, Ахманзор, Бшмух, Кадои Маҳрам, Дрозмола, Врсилалм ва чшмаи Қртчкнда, ки аслан хело ҳамвору аз хок ғанӣ ҳастанд, ҷои асосии чағорапарӣ мебошанд. Яке аз ҷавонои деҳа Айёмбек Маҳмадбеков нақл кард, ки нимаи моҳи май буду ҳамроҳи рафиқонам дараи Бзонг чағорачинӣ рафтем. Чун ба мавзеи Зормор расидем, аҷоиб ҳолатро дидем. Гуё Ҳазрати Ҷаббор минтақаро бо хати росте тақсим карда бошад.
То домани теппа сабза, болотари вай лою болотар то қуллаҳои кӯҳ барфпӯш буд. Мо каме чағора ёфта чиндем. Ин чағораҳо каме кӯҳна буданд. Ҳаво абрнок буд. Яке борони сахт гирифту мо зери арча даромадем. Борон баъди ним соат ист карду офтоби ҷаҳонтоб аз байни абрҳои дарида баромаду камони Рустам намоён гашт. Мо аз таги арча баромада ҳолати аҷоиберо мушоҳида кардем.
Чағораҳо аз зери хок мисли чашмаи шир баромада, аз ҳавои сарди кӯҳистон ва гармии нурҳои офтоб шакли муайянро мегирифтанд. Мо халтаҳоямонро аз чағораҳои кӯҳна холӣ карда, ба чиндани чағораҳои нав шурӯъ кардем. Ҳангоми чиндан мо гармии чағораҳоро хуб эҳсос менамудем. Халтаҳоро пур карда ба хонаҳо баргаштем.
Як расми хубест дар мардуми Ванҷи мо, ки вахте аз чағорорачинӣ омаданд, чағорааш кам ҳам бошад, ҳатман бо ҳамсояҳо тақсим мекунанд, боқимондаашро дар дег андохта, бо равған ва изофаи орд мепазанд. Дар ин ҷо ҳам ҳамсояву дӯстони наздик хоҳ-нохоҳ аз чағорачидан бодарак шуда, ҳатман меҳмонат мешаванд. Яъне маъракаи чағорачинӣ ба қавле ин худ як сарҷамъист. Чағорачинӣ як кайфияту чағоракабобхурӣ лаззати дигар дорад. Давлатмир Юнусзода.
1Чағора – замбурӯғ, қорч; чағорачинӣ – замбурӯғчинӣ.
Назари хешро иброз кунед