Хати интиқоли барқ барқарор шуд

  Таъмиру барқарорсозии хати баландшиддати интиқоли барқ ва симчӯбҳо, ки дар минтақаи Удоб – Гиҷ – Ширговад тахриб шуда буданд, ба анҷом расид.
Пас аз чанд рӯзи бебарқӣ, ки тарма ва боришоти зиёд ба он сабаб гашт, акнун сокинони ҷамоати Рованди ноҳияи Ванҷ ба барқ дастрасӣ пайдо карданд.
  Дар ин росто фаъолияти МИМҲД-и ноҳияи Ванҷ, мудири НБО-и ноҳия Соҳиб Назрибеков ва дигар кормандони сохторҳои марбутро мебояд тақдир кард.
  Итминони комил дорем, ки тайи муддати кӯтоҳ дар ин масир ҷодаҳо аз барф тоза гардида, роҳсозон равуои нақлиёт ва мусофиронро таъмин менамоянд.

Гузориши Хилватшоҳи Маҳмуд.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.