Хайруллобек Мастуллоев яке аз ходимони соҳаи тандурустӣ, солҳои зиёд барои мардуми диёр адои хидмат ва дар пеша касби иззат намудааст. Дар тӯли сиюпанҷ соли фаъолияти корӣ дар диёри хеш хидматгузори мардум буда, дар ин рӯзҳои сахти ҳамагирии вабо ҳамчун масъули вазифаи муҳим – мудири ташхисгоҳи беморхонаи марказии ноҳия дар хати муқаддами мубориза бо он қарор дошта, беш аз пеш хидмат дорад.
Хайруллобек Қувватович Мастуллоев 15 августи соли 1966 дар шаҳраки Рохарви ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №4 (дар он замон ба номи Крупская) дар соли 1981 ба донишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе дохил шуда, онро дар соли 1985 бо ихтисоси фелдшер, бо баҳои аъло хатм намудааст.
Фаъолияти кориро аз моҳи апрели соли 1985 ба ҳайси фелдшер дар шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳиявӣ ва аз моҳи ноябри он сол мудирии бунгоҳи саломатии деҳаи Роғ оғоз карда, то моҳи марти соли 1986 кор кардааст. Аз моҳи июни соли 1986 ба вазифаи мудири ташхисгоҳи клиникии Беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ таъйин гардида, то ҳол дар ин вазифа фаъолияти меҳнатӣ дорад.
Дар солҳои 2000 – 2005 факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғро хатм карда, аз соли 2007 то 2017 дар барномаи хадамоти тандурустии Хазинаи Оғохон оид ба худомӯзии клиникии кори ҳамширагӣ ҳамчун тренер ифои вазифа кардааст.
Хайруллобек Мастуллоев соҳиби унвони Аълочии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, духтури дараҷаи олӣ мебошад. Хайруллобек оиладор ва соҳиби ҳашт фарзанд мебошад.
Хайруллобек як тамос мекардӣ Баҳодур.