Ҷаббор Ризвонов

  Ҷаббор Ризвонов табиби ҳозиқу кордон, ғамхору хоксор дар давоми сиюпанҷ соли кору фаъоляташ дар беморхонаи марказии ноҳия садҳо касро муолиҷа карда, бо хислатҳои хуб ва заҳматҳои шабонарӯзии ғамхоронааш дар нисбати беморон ҳамчун табиби дардошно, дар касби хеш содиқ дар дили ҳазорон ҳамдиёр роҳ ёфтааст.
  Дар бораи тағоҳоям аз овони ҷавонӣ дар зеҳн тасаввуроти дақиқ то ҳол боқӣ мондааст, вале тағои Ҷаббор нисбати ба дигар тағоҳоям бо феъли ҷиддият ва хислати орому камгапӣ фарқ дошт. Бисёр китоб мехонд, баъзан то як поси шаб китоб мехонд, аз илми мусиқӣ ҳам бохабар буд, дуторро бо як шӯру шавқ ва ширин менавохт. Баъзан сурудеро, бештар сурудҳои фалакиро замзама мекард. Овози ширадору форам дошт.
  Ҷаббор Ризвонов баъди хатми мактаби миёна соли 1979 ба Донишгоҳи тиббии ба номи Абуалӣ Ибни Сино дохил шуда, онро дар соли 1985 бо дипломи аъло хатм карда, сиюпанҷ сари сол аст, ки дар беморхонаи ноҳия кор ва фаъолияти духтурӣ мекунад. Алъон, Доктор Ҷаббор (дар миёни мардуми диёр бо ҳамин лақаб маъруф аст) ҳамчун муовини сардухтури беморхонаи марказӣ дар Шӯъбаи беморҳои сироятии беморхонаи ноҳия кор мекунад ва имрӯзҳо бо ҷаъми ҳамкорон дар хати пеши мубориза бо валои аср қарор дошта, бо ҷидду ҷаҳд ва дараҷаи баланди ҳисси масъулятшиносӣ ба муолиҷаи беморон машғуланд.
  Дар адои пеша муваффақанд зеро то имрӯз аз дасти пурбаракати духтури хозиқ Ҷаббор Ризвонов ва ҳамкоронашон даҳҳо ҳамдиёри мубталои вабои шум муолиҷа ёфта, ба хонаҳояшон баргаштанд. Чанде дигар низ дар арафаи шифоёбӣ қарор доранд. Дар ин рӯзҳои барои духтурон вазнин барои Ҷаббор Ризвон ва ҳамкоронаш аз даргоҳи Парвардигори яктову беамто тани сиҳат, ва сабру шикебоиро таманно дорем. Шумо воқеъан, қахрамонҳои имрӯз ва маҳбуби ҳар як хонадони диёред. Мо бо шумо ифтихор дорем!. Азиз Қадамов.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.