Салимҷон Сурхов

  Салимҷон Сурхов 9 апрели соли 1955 дар деҳшӯрои Рохарви ноҳияи Ванҷ дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатиаш бо анҷоми таълими мактаби миёна ба сифати коргари совхози “50-солагии СССР” оғоз ёфт. Баъди адои хизмат дар Артиши Шӯравӣ, соли 1975 шунавандаи курси тайёрии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (Душанбе), солҳои 1976 – 1981 донишҷӯи донишкадаи номбурда.  
  Сипас фаъолияти меҳнатии С.Сурхов ин тавр сурат гирифтааст: солҳои 1981 – 1983 саркорманди гурӯҳи таъмирӣ-сохтмонии ноҳияи Ванҷ, 1983 – 1987 дастурдиҳандаи шӯъбаи ташкилии кумитаи ҳизбии ноҳия, 1987 – 1988 нозири (инспектор) кумитаи вилоятии назорати халқӣ, дастурдиҳандаи шӯъбаи саноат, нақлиёт ва молҳои ниёзи мардуми кумитаи ҳизбии ВМКБ, 1988 – 1989 дастурдиҳандаи шӯъбаи иҷтимоӣ-иқтисодии кумитаи ҳизбии ВМКБ, 1989 – 1991 донишҷӯи донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идоракунии иҷтимоии шаҳри Киев.
  Ҳамзамон шунавандаи курси маркази бозори байналмилалӣ (маркетинг), 1991 – 1997 дастурдиҳандаи шӯъбаи иҷтимоӣ-иқтисодии кумитаи вилоят ва ғайра.   Аз соли 1997 С.Сурхов масъулияти ҷонишинии якуми Ҳукумати ноҳияи Ванҷро ба дӯш дорад. Барои хизмати намунавӣ соли 2000 бо ордени “Дӯстӣ” мукофотонида шудааст. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.