Додихудо Эркаев

  Додихудо Эркаев 23 августи соли 1955 дар деҳшӯрои Рохарви ноҳияи Ванҷ таваллуд шуда, баъди мактаби миёна омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 39-ро соли 1973 хатм намудааст. Солҳои 1974 – 1976 хизматро дар сафҳои Артиши Шӯравӣ ба ҷо оварда, ба Донишгоҳи педагогии ба номи Т.Г.Шевченко (факултаи забон ва адабиёти рус) дохил шуда, онро соли 1981 бо дипломи аъло хатм намуд.  
  Фаъолияти касбиаш аз мудири мактаби ибтидоии ноҳияи Ванҷ оғоз ёфта, сипас дар вазифаҳои методисти шӯъбаи маориф, ҷонишини директори мактаби калонтарини ноҳия, нозири комиссияи ноболиғон, муовини раиси ноҳия кор кардааст.   Моҳи майи соли 1992 дар Иҷлосияи маҷлиси вакилони халқи ВМКБ Д. Эркаев ба вазифаи муовини раиси комитети иҷроияи ВМКБ интихоб гардид. Ӯ яке аз ташаббускорони қарори кумитаи иҷроияи ВМКБ оиди таъсиси Донишгоҳи давлатӣ дар шаҳри Хоруғ мебошад.  
  Аз соли 1995 инҷониб мудирии шӯъба оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ кор бо иттиҳодияҳои сиёсй ва муносибати байни миллатҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Ванҷи ВМКБ-ро ба ӯҳда дорад. Ба туфайли кордонию ҳисси баланди масъулиятшиносии хеш, Д. Эркаев дар байни ҳамдиёрон самимияту эътибори хоса пайдо намудааст. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.