Дар раҳгузари бод чароғе, ки турост,
Тарсам, ки бимирад аз фароғе, ки турост!
Бӯи ҷигари сӯхта олам бигирифт,
Гар нашнидӣ, зиҳӣ димоғе, ки турост!
Бо он ки дилам аз ғами ҳиҷрат хун аст,
Шодӣ ба ғами туам зи ғам афзун аст!
Андеша кунам ҳар шабу гӯям: «Е раб,
Ҳиҷрон-ш чунин аст, висолаш чун аст?!»
Ҷое, ки гузаргоҳи дили маҳзун аст,
Он ҷо ду ҳазор найза боло хун аст.
Лайлисифатон зи ҳоли мо бехабаранд,
Маҷнун донад, ки ҳоли Маҷнун чун аст!
Дил хаставу бастаи мусалсал мӯест,
Хунгаштаву куштаи бути ҳиндуест!
Суде надиҳад насиҳатат, эй воиз,
Ин хонахароб турфа якпаҳлӯест!
Тақдир, ки бар куштанат озарм надошт,
Бар ҳусну ҷавонит дили нарм надошт.
Андар аҷабам зи ҷонситон, к-аз чу туе,
Ҷон бистаду аз ҷамоли ту шарм надошт!
Чашмам зи ғамат ба ҳар ақиқе, ки бисуфт,
Бар чеҳра ҳазор гул зи розам бишукуфт!
Розе, ки дилам зи ҷон ҳамедошт нуҳуфт,
Ашкам ба забони ҳол бо халқ бигуфт.
Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод,
Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод!
Бо васли ту кас чу ман бадомӯз мабод!
Рӯзе, ки туро набинам, он рӯз мабод!
Зулфаш бикашӣ, шаби дароз андозад,
В-ар бикшоӣ, чангали боз андозад.
В-ар печу хамаш зи якдигар бикшоянд,
Доман-доман мушки Тароз андозад.
Чун рӯз алам занад, ба номат монад,
Чун якшаба шуд моҳ, ба ҷомат монад.
Тақдир ба азми тезгомат монад,
Рӯзӣ ба ато додани омат монад.
Чуз ҳодиса ҳаргиз талабам кас накунад,
Як пурсиши гарм ҷуз табам кас накунад.
В-ар чон ба лаб оядам, ба ҷуз мардуми чашм,
Як қатраи об бар лабам кас накунад!
Номат шунавам, дил зи фараҳ зинда шавад,
Ҳоли ман аз икболи ту фархунда шавад.
В-аз ғайри ту ҳар ҷо сухан ояд ба миён,
Хотир ба ҳазор ғам пароканда шавад!
Омад бари ман. Кӣ? Ёр. Кай? Вақти саҳар.
Тарсанда зи кӣ? Зи хасм. Хасмаш кӣ? Падар.
Додам-ш ду бӯса. Бар кучо? Бар лаби тар!
Лаб буд? На! Чӣ буд? Ақиқ! Чун буд? Чу шакар!
Ҳон, ташнаҷигар, маҷӯ з-ин боғ самар,
Бедистонест ин риёзи бадудар,
Беҳуда мамон, ки боғбонат ба қафост,
Чун хок нишаста гиру чун бод гузар!
Чун кушта бибиниям ду лаб гашта фароз,
Аз чон тиҳӣ ин колиби фарсуда ба оз.
Бар болинам нишину мегӯй ба ноз,
К-эй ман ту бикуштаву пушаймон шуда боз!
Дар ҷустани он нигори пуркинаву ҷанг,
Гаштем саропойи ҷаҳон бо дили танг;
Шуд даст зи кору рафт пой зи рафтор,
Ин баски ба сар задему он баски ба санг.
Бар ишқи туам на сабр пайдост, на дил,
Бе рӯи туам на ақл барҷост, на дил.
Ин ғам, ки марост, кӯҳи Қоф аст, на ғам,
Ин дил, ки турост, санги хорост, на дил!
Воҷиб набувад ба кас-бар ифзолу карам,
Воҷиб бошад, ҳароина, шукри ниам,
Тақсир накард хоҷа дар новоҷиб,
Ман дар воҷиб чӣ гуна тақсир кунам?!
Юсуфрӯе, к-аз ӯ фиғон кард дилам,
Чун дасти занони мисриён кард дилам,
3-оғоз ба бӯса меҳрубон кард дилам,
Имрӯз нишонаи ғамон кард дилам!
Дар пеши худ он нома чу булкома ниҳам,
Парвин зи сиришки дида бар чома ниҳам.
Бар посухи ту чу даст бар хома ниҳам,
Хоҳам, ки дил андар шикани нома ниҳам!
Дар манзили ғам фиканда мафраш моем,
В-аз оби ду чашм дил пуроташ моем,
Олам чу ситам кунад, ситамкаш моем,
Дасти хуши рӯзгори нох(в)аш моем!
Дар ишк чу Рӯдакӣ шудам сер аз ҷон,
Аз гиряи хунин мижаам шуд марҷон.
Алқисса, ки аз бими азоби ҳиҷрон
Дар оташи рашкам дигар аз дӯзахиён.
Аз ҳиҷри маҳи рухи ту, эй мояи ҷон,
Пурдур карданд чун даҳони ту ҷаҳон!
Аз нохуни даст хаста кардам дилу чон,
Фарёдраси ғамат на ин буду на он!
Дидор ба дил фурӯхт, нафрӯхт гарон,
Бӯса ба равон фурӯшаду ҳаст арзон.
Оре, ки чу он моҳ бувад бозаргон,
Дидор ба дил фурӯшаду бӯса ба ҷон!
Рӯят – дарёи ҳусну лаълат – марчон,
Зулфат – анбар, садаф – даҳан, дур – дандон,
Абрӯ – киштию чини пешонӣ – мавҷ,
Гирдоби бало – ғабғабу чашмат – тӯфон!
Эй аз гули сурх ранг бирбудаву бӯ,
Ранг аз пайи рух рабуда, бӯ аз пайи мӯ!
Гулранг шавад, чу рӯй шӯӣ ҳама чӯ,
Мушкин гардад, чу мӯ фишонӣ, ҳама кӯ!
Эй нолаи пири хонақоҳ аз ғами ту,
В-эй гиряи тифли бегуноҳ аз ғами ту!
Афғони хурӯси субҳгоҳ аз ғами ту,
Оҳ аз ғами ту, ҳазор оҳ аз ғами ту!
Чархи каҷабоз то ниҳон сохт каҷа,
Бо неку бади доира дарбохт каҷа.
Ҳангомаи шаб гузашту шуд қисса тамом,
Толеъ ба кафам яке наядохт каҷа!
Зулфат дидам, сар аз чамон печида
В-андар гули сурхи арғавон печида;
Дар ҳар банде ҳазор дил дар бандаш,
Дар ҳар пече ҳазор ҷон печида.
Чун кори дилам зи зулфи ӯ монд гиреҳ,
Бар ҳар раги ҷон сад орзӯ монд гиреҳ.
Умед зи гиря буд, афсӯс, афсӯс,
К-он ҳам шаби васл дар гулӯ монд гиреҳ!
Аз Каъба калисиёнишинам кардӣ,
Охир дар куфр беқаринам кардӣ.
Баъд аз ду ҳазор саҷда бар даргаҳи дӯст,
Эй ишқ, чӣ бегона зи динам карӣ!
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ!
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!
Он харпадарат ба дашт хошок задӣ,
Момот дафу дурӯя чолок задӣ.
Он бар сари гӯрҳо таборак хондӣ,
В-ин бар дари хонаҳо табурок задӣ!
Дил сер нагардадат зи бедодгарӣ,
Чашм об нагардадат, чу дар ман нигарӣ.
Ин турфа, ки дӯсттар зи ҷонат дорам,
Бо он ки зи сад ҳазор душман батарӣ.
Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ!
Дар беҳ зи худӣ назар макун, ғусса махӯр,
Дар кам зи худӣ назар куну шод бизӣ!
Ҳон, Рӯдакӣ, аз қайди ғам озод бизӣ,
Бо хотири хурраму дили шод бизӣ!
Вайронии худ мангару ободии даҳр,
Вайронии даҳр бину обод бизӣ!
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз
Бехтарин буд.
Зиндагӣ аз рӯзи нават огаҳам охир чаро?
Менамои сафҳагардонӣ ҳаёти рафтаро.