Паҳлавони умедбахш

Ҳаргиз ғубори хоки заминро надидааст,
Он шонаи баланди ҷаҳонпаҳлавони Ванҷ…
  Дар силсилаи хушхабарҳо аз паҳлавониву майдондории шербачаҳои Ванҷ хостам боз як паҳлвони навраси дигарро муаррифӣ кунам, ки дар як муддати кӯтоҳ тавонистааст дар чандин мусобиқоти ноҳиявӣ ва сатҳи ҷумҳуриявӣ пирӯз шавад.
  Ин Муҳаббатов Маъсумӣ Мусавиевич, мутаваллиди соли 2005 аз деҳаи овозадори Вишхарвак аст. Мусавӣ дар назди яке паҳлавонони номдори ноҳияи Ванҷ Гулаҳмад Сафаров муддати чанд сол аст, ба тамрини гуштӣ машғул мебошад. Мусавӣ борҳои дар мусобиқоти сатҳи ноҳиявиву вилоятӣ мақоми аввалро касб кардлааст ва соли гузашта дар вилояти Хатлон дар мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ соҳиби мақоми аввал шуда буд.
  Дар мусобиқае, ки таърихи 7 феврали соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, низ бисёр хуб дурахшид. Танҳо дар вохӯрии ниманиҳоӣ бо дигар ҳамсинни худ аз ноҳияи Ванҷ Хушкадам Наҷмонов (дар акс аз тарафи рост) ноком шуд, ба гуфти мухлисон хуб гуштӣ гирифт, аммо гуштӣ шикасту пирӯзӣ дорад.
Биёри азизамонро барои гирифтани мақоми севвум табрик мегӯем ва аз боргоҳи илоҳӣ истидъо дорам, ки дар ояндаи қуллаҳои болотари ин соҳаи варзишро фатҳ намояд. Ҳамчунин, ба акаи Гулаҳмад Сафаров, ки дар ин синну сол то ҳанӯз дар паи тарбияи фарзандони диёр аст, тани сиҳату дили беғаму хубиҳои ду оламро таманно дорам!. Аъзамшоҳи Ширговадӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.