Дар ҳар кор муҳим ҳавас аст

  Гулаҳмад Сафаров яке аз паҳлавонони маъруфи диёр буда, дар замони фаъолияти варзишӣ касби муваффақияту шӯҳрат карда, ноҳия, вилоят ва ҷумҳуриро дар мусобиқаҳои гӯштигирии умумииттифоқӣ муаррифӣ намуда, мақому ҷоизаҳои ифтихорирӣ соҳиб гардидааст.
  Паҳлавон ҳоло дар синни нафақа аст, вале алъон ҳам аз варзиш дур нест ва дар толори варзишии зодгоҳ – деҳаи Ғуҷовас ба тарбияи варзишии насли наврас машғул аст. Зимни дидор ба истифода аз фурсат аз ӯ чанд суоле пурсидем ва фишурдаи онро дар ин ҷо меорем. (Ҳолнома ва корномаи паҳлавонро дар ин ҷо мутолиа намоед).

Ванҷиман: – Шароити машқу тамрин дар он замонҳо чӣ гуна буд?
Гулаҳмад Сафаров: – Дар замони хурдӣ, наврасӣ ва ҳатто ҷавонии мо дар деҳот шароиту васила барои машқ кардан набуд. Мо дар болои регу сабза машқ карда, усул омӯхта, қувваозмоӣ мекардем ва ин корро танҳо дар фаслҳои гарм мекардем, дар фаслҳои сард имкони тамрин кардан надоштем, мисли ҳозир толору фаршҳои нарму дигар василаҳои машқӣ мавҷуд набуд.

Ванҷиман: – Пас ҳоло, ки тамоми шароит фароҳам аст, чаро имрӯзҳо мисли паҳлавонони қаблӣ ба арсаи варзиш намеоянд?
Гулаҳмад Сафаров: – Муҳим дар ҳар кор шавқу ҳавас аст. Мо шароит надоштем, вале шавқу рағбат доштем, кӯшишу ғайрат мекардем, то зинаҳои баландтарро фатҳ кунем. Бар зами ин, аҳли ҷомеа ба варзиш, хусусан ба гӯштингирӣ зану марду хурду калон рағбат доштанд, моро рӯҳан пуштибониву дилбардорӣ мекарданд, барои пешрафт ташвиқ мекарданд, заҳматҳои моро қадр мекарданд, нангу номуси моро ба таҳрик меоварданд, мо рӯҳия гирифта, мекӯшидем, ки худ сарбаланду мардум шодмон бошанд.
  Дар замони шӯравӣ варзиш хеле эътибор дошт. Муассисаҳои варзишӣ ҳам ба ин соҳа таваҷҷӯҳи хоса доштанд. Варзишкорони боистеъдодро ҷуста, барояшон шароит фароҳам меоварданд, то номи ноҳияву вилоят ва ҷумҳуриро дар сатҳи умумишӯравӣ баланд бардоранд. Мураббии дастаи мунтахаби вилоят Назармамад Мералишоев, ки бо номи Путсик маъруф аст, барои дидану назорати ҳолати варзишии аъзоёни даста аз марказ ба деҳаҳои дур меомад.
  Чуноне ки маълум аст, дар замони шӯравӣ беҳтарин паҳлавонони ҷумҳурӣ аксар аз ноҳияи Ванҷ буданд, ки шаъну шарафи Тоҷикистонро баланд бардоштанд. Дар гӯштини миллӣ беҳтаринҳо буданд, дар мусобиқаҳои гӯштингирӣ ғолиби мусобиқа мешуданд.
  Имрӯзҳо ҳам ноҳияи Ванҷ дар ин соҳа пешсаф аст. Мо ҳоло ду қаҳрамони ҷаҳон дорем, ки беҳтарин нишодод дар ҳама давра аст. Дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ҷавонпаҳлавонони мо дар қатори беҳтаринҳо дохил буда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб мешаванд. Наврасон ҳа натиҷаҳои хуб нишон медиҳанд. Бо ин ғайрате, ки ҳоло ҷавонони мо доранд, Худо хоҳад шоҳиди натиҷаҳои беҳтарин мешавем.
  Бояд қайд кард, ки аз рӯи шумораи фоизи аҳолӣ ноҳияи Ванҷ вобаста ба натиҷаҳои дар ин риштаи варзиш касбнамуда дар Тоҷикистон дар ҷои аввал меистад.

Ванҷиман: – Насли имрӯза дар робита ба ин мавзӯъ як баҳона доранд, ки дар он замонҳои паҳлавонони дигар минтақаҳо “техникаи” гӯштингирӣ надоштанд ва паҳлавонони мо дар як дафъаи ба майдон баромадан то даҳу ва аз он зиёдаро мағлуб мекарданд, имрӯзҳо, ки ҳама дар толорҳои варзишӣ маҳорати паҳлавонӣ меомӯзанд, ба чунин натиҷа расидан ғайриимкон аст. Назари Шумо дар ин бора чӣ аст?
Гулаҳмад Сафаров: – Дар замони шӯравӣ толорҳои варзишӣ дар шаҳру марказҳо мавҷуд буданд, шароити беҳтар доштанд, тамоми хароҷоташон аз ҳисоби давлат буд, шогирдони боистеъдодро ҷалб мекарданд, мураббиёни касбию унвондор тамрин медоданд. “Техникаи” гӯштингирӣ низ ҳамин буд. Шогирдон ба ғайр аз мактаб хондану машқ кардан кори дигаре надоштанд. Вале мо аз болои регу сабза, сад кори деҳа ба шаҳрҳо ба мусобиқаҳо рафта, чандин шогирдони толорҳо ва устодони мӯътабарро мағлуб мекардем.
  Вақте ки ман шогирдонашонро пайи ҳам мағлуб мекардам, як устоди мӯътабари ҷумҳурӣ шогирдони хешро маломату сарзаниш мекард, ки рӯзи дароз машғули машқед, вале яке аз деҳаи дурдасте, аз паси кору чанбари мошин омада, шуморо дар лаҳзае мағлуб месозад.
  Бояд қайд кард, ки дар замони мо қувваозмоӣ душвортар буд, зеро шарт ба ду шона хобондани ҳариф дар замин буд. Ҳоло қоидаҳои нав муқаррар кардаанд ки ҳатто бо чанд маротиба якпаҳлӯ ва ҳатто ба замин афтондан ғолибиятро ба даст меоранд.

Ванҷиман: – Ҳоло дар фаъолияти кории Шумо чӣ мушкилу камбудиҳост?
Гулаҳмад Сафаров: – Тавре ки нақл намудем, дар замони мо толорҳои варзишӣ набуданд, шароит барои машқ кардан камтар буд. Дар ин замон аз ҷониби ҳукумат мактабҳои варзишӣ ташкил карда шуданд ва бо ҷалби муррабиёни касбӣ наврасон дар толорҳои варзишӣ тамрин мекунанд. Дар деҳаи мо ҳам чунин мактаби варзишӣ таъсис доша шуд, ки ман ҳамчун мураббӣ дар он фаъолият дорам.
  Камбуди асосии мо дар шароити бади толор ва васоли варзишӣ аст, ки қабл аз ҳама ниёз ба пуштибонии молӣ дорем. Зеро тамоми хароҷот, аз дохили толор то ширкати шогирдон дар мусобиқоти дуру наздик бар зиммаи худамон аст ва тавре ки медонед, ин барои деҳаи дурдасти кӯҳистон гарон аст.
  Дигар мушкил дар кор беҳавасии шогирдон ва берағбатии волидайн ба варзиш аст. Ин чанд шогирдро ҳам ба иҷбор дошта, тамрин медиҳам. Худ ба варзиш рағбати том надоранд ва волидайнашон ҳам дар нисбаташон беэътиноӣ зоҳир менамоянд.
  Вале ба ҳама ин нигоҳ накарда, мекӯшам саҳме дар рушд ва ҳифзи суннати аҷдодии диёр гузорам, барои диёру кишвар то тавоне доштем, дар соҳа хидмат намудем ва ин ойниро бояд ба насли оянда интиқол диҳем.

Ванҷиман: – Паҳлавон бояд чӣ гуна хӯву рафтор дошта бошад?
Гулаҳмад Сафаров: – Паҳлавонӣ ҳунару обрӯи шахс аст ва одобу ахлоқи хуб зиннати ӯст. Ба сабаби хушахлоқӣ ва муносибати шоиста ба мардум паҳлавон барои онҳо маҳбуб мегардад. Мухлисӣ ва ташвиқи мардум барои паҳлавон хеле муҳим аст. Ин барои вай қуввату неру медиҳад ва паҳлавон барои қадр кардани муҳаббат ва ихлоси мардум мекӯшад, ки пирӯзу баранда шавад. Паҳлавони бадахлоқ агарчанде соҳибистеъдод бошад, аз назари мардум мегардад.
  Паҳлавон бояд ҳарифи худро эҳтиром кунад. Беҳурматӣ дар нисбати ҳариф хилофи шеваи паҳлавонист. Муҳимтар аз ҳама бояд устоди хешро қадру эҳтиром намояд. Зеро паҳлавонро мураббӣ ба дараҷаву манзала мерасонад.
  Замоне яке аз паҳлавонони муваффақу боистеъдод дар ҷашни калоне дар муқобили устоди худ истод. Адаб дар паҳлавонӣ он аст, ки шогирд дасти устодро бардошта, пирӯзияшро эълом мекунад. Аммо ин шогирд бо устод часбу талош кард, агарчанде устод солрафта буд, ҷавонмард натавонист мағлубаш кунад, зеро он чиро, ки ин метавонист, аз ӯ омӯхта буд. Пас аз анҷоми рақобат устоди озурда арз кард, ки ҳар касе гиребони устодро гирифт, Худованд баракатро аз ӯ мегирад. Баъд аз муддади кӯтоҳе ҷавонпаҳлавон дар мусобиқае зарби ҷиддӣ гирифта, тарки паҳлавонӣ кард… Феврал. 2021.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.