Пасупешсрак

  PeshpasrakМардуми солрафтаи диёр аз рӯи шунида аз пешгузаштагон нақлу ривоётеро аз гузашта ёдоварӣ мекунанд. Бар зами қиссаву ривоятҳои аҷиб аз вуҷуди расму одоти ғариби гузашта ҳикоят намуда, бо вуҷуди тардиди ақл дар асолаташон, бархе ба асоси воқеӣ доштанашон ҳатто исрор доранд.
  Хонаводаҳо дар кӯҳистон дар хонаҳои умумии зиндагӣ мекарданд. Дар дӯконҳои гирди он оилаҳо, дар кунҷе асп, дар гӯшае молу гов ва дар зери катҳо мурғон мезистанд. Дар миёни хона дегдон ҷойгир буда, дуди он тавассути сурохӣ дар сақф – равзан берун мебаромад. Хонаро дар фаслҳои хунук бо дегдон гарм мекарданд ва хурду бузурги хонавода дар гирди он ҷамъ мешуданд. Аз рӯи нақлҳо мардуми пешин кӯдакони хурдсолро дар назди дегдон барои гарм шудан гузошта, ҳангоми тафсидану расидани таъсираш ба кӯдак, гӯё ақли пас кашидану дуртар шинонданро надошта, барои рафъи асари гармӣ ба сару рӯи атфол саргини гов мемолидаанд. Вобаста ба шиддати тафи гармӣ қабати онро зиёд менамудаанд.
  Вуҷуди воқеии ин одатро албатта, ақл намепазирад. Зеро ба ҳар андозае ақли инсон каму коста бошад, дар муқобили таъсирот акси амале дорад. Ҳатто ҳайвон, ки оқил нест, аз рӯи ғариза хешро аз таъсири таф ақиб мекашад. Агар ҳам ин одат мавҷуд буда бошад, шояд ба русуми динии қадимӣ марбут бошад. Мардуми мо дар гузашта зардуштӣ буданд ва гов дар оинҳои иронию ҳиндӣ эъзозу иқдос мешуд. Дар оини зардуштӣ идрори говро ҳамчун василаи поккунанда истифода карда, барои адои русуми динӣ, барои таҳорат бо он баданро мешустанд ва дар ҳолоте ҳатто менӯшиданд. Шояд наҷосати гов низ барои эшон хосияте дошт ва онро ба сару рӯи тифлон мемолиданд… Ашраф Акрам.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.