Санги рӯз

  Бархе аз ривоёту асотири қадимӣ дар миёни мардуми диёри мо то ба имрӯз боқӣ мондаанд. Насли имрӯза ба ривоёту хурофоти пешин бетаваҷҷӯҳ аст, вале мардуми даври пештара ба онҳо мутаваҷҷеҳ буда, ба ҳадде ба воқеияташон боварӣ доштанд. Ин асотиру хурофоти ғайриисломӣ аз дину оинҳои қадимию мардуми дигар буда, пас аз мусалмоншавии мардуми мо аз миён рафтанд, аммо бархе аз ин ривоёт дар миёни мардум маҳфуз монда ва баъзе хурофоти пешин низ марсум монданд.Sangiruz
  Ривоят мекунанд, ки дар гузашта мардум санги махсусеро бо унвони “санги рӯз” аз ибтидои шаб то дамидани субҳ мегардонидаанд. Тибқи боварии эшон агар он санг шабҳангом дар ҷо истода ва ё гардонандаи он дар хоб монда, ҳаракаташ мавқуф мегардид, торикии шаб низ таваққуф карда, рӯз фаро намерасид. Аз ин рӯ, ҳар хонадони русто онро шабҳо ба навбат то фарорасии субҳ мегардониданд. Мутобиқи нақлҳо дар баъзе масокин онро бо навбат аҳли ҳар хонавода, дар бархе касеро кироя карда ва дар баъзеи дигар ашхосу авлоди махсусе будаанд, ки онро шабонгаҳ кашонда, саканаи деҳот ҳуқуқашонро пардохт мекардаанд. Шабе ҷавонмарди гардонандаи он хаста шуда, хоб бар ӯ чира шуда, дар ҷое мехобад ва замоне бедор мегардад, ки рӯз равшану офтоб дар осмон будааст. Пас аз ин воқеа мардум мефаҳманд, ки бе гардонидани санги рӯз ҳам, рӯз фаро мерасидааст ва аз он пас ба ин кор хотима медиҳанд.
  Имрӯз ҳам баъзе авлодҳоро ба хотири дар гузашта ба ин кор шуғл доштанашон “санграбар” меноманд. Вале ин асотир дар мавриди ин одат ба мардуми имрӯзаи Ванҷ рабт надорад. Он шояд бофтаи мардумӣ бошад, агар ҳам асоси воқеӣ дошта бошад, ба замонҳои хеле дур, ба сокинони қадимии диёр марбут аст. Ривоёт дар бораи санги рӯз дар миёни аҳли манотиқ ва мардуми дигар низ мавҷуд аст, вале воқеияти он собит нашудааст. Ашраф Акрам.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.