Нуралӣ Нуралиён

  Нуралӣ Нуралиён (Нуралиев Нуралӣ Назарович) дар таърихи 04 январи 1962 дар деҳаи зебоманзари Бунайи ноҳияи Ванҷ дар оилаи фарҳангӣ по ба арсаи ҳаёт гузошта аст. Падараш Нуралиев Назаралӣ омӯзгори мактаби миёна буда, пайваста барои тарбия ва таълими фарзандаш ҷиддан талош менамуд, то аз хурдӣ писараш ба илму ҳунар алоқаманд бошад.
  Соли 1969 барои касби илм ба мактаби миёнаи №3-и деҳаи Бунай гоми нахустро гузошта, соли 1979 мактаби мазкурро бо муваффақият хатм намуд. Нигоштаҳои ӯ дар овони мактабӣ перомуни деҳаи худ, мардони ҳунар ва ашхоси барӯманд ва афроди барҷастаи диёр дар матбуоти ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурӣ пайваста чоп мегардиданд.
  Баъд аз адои хизмат дар Артиши Шуравӣ соли 1984 вориди шӯъбаи ҳиндии бахши забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон гардид. Дар даврони донишҷӯӣ ба муддати чор сол раҳбарияти иттиҳоди комсомолии факултаро ба дӯш дошт. Ҳамчунин, узви шӯрои илмии факулта ва намояндаи донишҷуён дар шӯрои илмии донишгоҳ маҳсуб мешуд.
  Пас аз хатми донишгоҳи мазкур соли 1989 Нуралӣ Нуралиён дар шӯъбаи ҷомеашиносии Институти фалсафа ва ҳуқуқи Фарҳангистони (Академияи) Улуми Тоҷикистон ба унвони корманди илмӣ ифои вазифа мекард. Баъд аз шаш соли фаъолият ва пажӯҳиш дар академияи мазкур соли 1995 барои такмил ва идомаи хониш озими Маскав гашт. Аз соли 1996 то соли 1999 донишҷӯи таҳсилоти такмилӣ ва аспиранти Институти ҷомеашиносии Академияи Улуми Русия буда, баъдан, ба ҳайси коршиноси пажӯҳишгоҳи фавқуззикр фаъолият намуд.
  Аз рузҳои аввали кор ва зист дар Русия барои ҷомеашинос масъалаи муҳоҷирати кории тоҷиконро хеле муҳим ва ҷиддӣ арзёбӣ намуда, гароиши пажӯҳишгарии худро ба ин масъала барномарезӣ кард. Мавзӯи кори илмияшро «Масъалаҳои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия» унвонгузорӣ намуд. Дар робита ба ин мавзуъ якчанд маротиба дар макони кор ва зиндагии дастаҷамъии тоҷикони муҳоҷир дар Москва тадқиқот гузаронд.
  Баъдан, тадқиқоти густардаи ҷомеашиносӣ дар панҷ минтақаи Русия: Маскав, Твер, Санкт–Петербург, Екатеринбург ва Астрахан гузаронд, ки дар он масъалаҳои мухталифи муҳоҷирони кории тоҷикро дар мавриди пажӯҳиш қарор дод. Дар ин назарсанҷӣ зиёда аз 500 нафар муҳоҷири кории тоҷик иштирок намуда, фикри худро дар он изҳор карданд. Ногуфта намонад, ки Нуралӣ Нуралиён. яке аз нахустин олимони ҷомеашиноси тоҷик мебошад, ки тавонистааст чунин таҳқиқоти фарогири ҷомеашиносӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия дар мавзӯъи муҳоҷирати кории тоҷикон гузаронад.
  Натиҷаи тадқиқоти зикршудаи ҷомеашиноси тоҷикро маҷаллаҳои илмии Академияи Улуми Русия ва Тоҷикистон чоп намудаанд. Илова бар ин, аксари мақолаҳои илмии вай дар матбуоти даврии Тоҷикистон, Русия инчунин дар маҷаллаҳои иронӣ ба забонҳои мухталиф нашр гардиданд.
  Нуралӣ Нуралиён муаллифи беш аз 30 мақолаи пажӯҳишӣ ва таҳқиқоти илмӣ мебошад. Нуралӣ Нуралиёнро дар аксари конференсияҳои илмӣ ва байналмилалӣ ба унвони пажуҳишгари риштаи ҷомеашиносӣ даъват менамоянд. Ба ҷуз ин, ӯ ба ҳайси тарҷумони соҳибтаҷриба дар Русия фаъолият мекунад. Нуралӣ Нуралиён муқими шаҳри Маскав буда, соҳиби чор фарзанд мебошад.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.