Ҳавои сарду зиёнбор дар диёр

Ҳавои имсола дар водӣ дар авохири моҳи июн ва ибтидои июл сарду сербориш омад. Бориши зиёди борон ва вазидани шамолҳои шадид сабаби зиёни самараи наботӣ ва талафи чорвои мардум гардид. Минтақаи Ванҷи Боло, ки мавқеи баландтару табиати сардтар дорад, аз чунин тағйироти обуҳавоӣ хисорати бештар дид.
  Ҳоло мавсими девлох (яйлоқ) аст ва чорпои деҳоти водӣ дар баландкӯҳҳо мебошад. Боронгарии шадиди ҳафтаи гузашта, ҳатто боридани барф дар минтақаҳои баланди кӯҳии деҳоти Ванҷи Боло сабаби талафи чорпои зиёди мардум гардид. Миқдори талафи чорпо дар деҳот даҳҳо сар аст ва ин зиён ба ҳадде таҳдид ба нобудии он дошт, ки мардум моли хешро оҷилан аз девлохҳо ба деҳот фароварданд.
  Ба нақли саканаи диёр дар шаби 29 ба 30 июн дар девлохҳо беш аз 200 сар чорпои мардум бар асари бориши борону барфу сармо мурданд. Мардум аз як то даҳ сар чорпои хешро аз даст додаанд. Бошандагон Ҷамоати деҳоти Рованд бештар аз ин офат зарар дидаанд. Сокинони деҳаи Ғуҷоваст 100 сар, Ванван 44 сар, Вишхарвак 10 сар, Рованд 9 сар, Мудехарв 7 сар, Ширговад 5 сар, Гармчашма 14 сар, Поймазор 15 сар, Ғӯмас 7 сар ва деҳаи Чихохи Ҷамоати деҳоти Техарв 37 сар чорпои хешро аз даст додаанд.
  Боду борон ҳамчунин сабаби зиён бар зироату дарахтзори мардуми минтақа гардидааст. Меваҳои зиёди нопухтаи дарахтон рехта, ҳатто баъзе дарахтон бар асари вазидани сахти бод аз реша гаштаанд. Сардии ҳаво боиси ба таъхир афтодани пазиши мева ва расидани зироат дар минтақа шудааст. 09.07.2020. (Расмҳои бар асари шамол гаштани дарахти гелос дар Ширговад ва дарахтони арар дар Мдехарв).

1 Назар

  1. Худованд нигаҳдора диёри нозанини мора ва ҳамаи мардуми шарифша аз кулли офату балову ҳаводис..

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.