Ба номи Худованди бузург. Шояд ҳар як ванҷие, ки бори аввал аз ноҳия бадар мешавад ва ба фарҳангу одоти мардуми дигар манотиқи Тоҷикистон ва ҷаҳон рӯ дар рӯ мегардад ба худ савол кунад, ки: “чӣ гуна як мард метавонад духтари амак, тағоӣ, хола ва ҳатто духтари як хеши се пушт дуртарашро ба чашми бад назар кунад, чӣ гуна як мард метавонад ҳақорати модар хоҳар, зан ва ё….. шунавад ва дар баробари он хомушӣ ихтиёр кунад, чӣ гуна аслан мард метавонад дашноми модар хоҳар ё зан кунад?.
Ва боз “хешои отам”, “хешои очам” гуфтани мардуми шаҳр ва дигар минтақаҳои атрофи он, барои ванҷие, ки бештар аз ҳафт пушт дуртари падар ва модараш ҳамак ва тағоӣ ҳастан, ҳатман аҷиб ба назар мерасад… билохира, мавзуи сӯҳбати мардуми дигар, хосатан шаҳр, ки бештар сари ҳавову ҳавасу дунёпарастӣ чарх мезанад, барои як инсони дорои “тафаккури ванҷӣ”, ки ҷуз қиссаи илм, ҳунар, мардонагӣ ва майдондорӣ нашунидааст, тамоман ҷолиб нест.
Мутаассифона, то ҳануз сари сохтор ва ташаккули таркибҳои ҷомеъаи мардуми Ванҷ на аз нигоҳи сиёсатшиносӣ ва на аз нигоҳи ҷомеъашиносӣ таҳқиқотҳои илмӣ анҷом дода нашудаанд.
Бино бар ин, пайдо кардани ҷавоб ба саволҳои “Чаро мо чунин тарбият ёфтем?, “Нақши кӣ дар шаклгирии “тафаккури ванҷӣ” аз ҳама бештар буд: мактаб, падар модар, ё ҷомеъа?” ва ғайра холигиҳо ё “research gaps” – мебошанд, ки ниёз ба омӯзиш ва таҳлил доранд.
Албатта нақши ҷомеъа, падару модар дар ҳар ҷомеъаи суннатии шарқӣ-мусалмонӣ ҷоёгоҳи худро доранд аммо…
Тоҷик бештар дар чунин ҷомеае калон мешавад, ки бештар аз ҳама зери назорат ва тарбияти модарҳо қарор дорад, чун падарон банди кор ва дар ин айёми истиқлол дар муҳоҷиратанд ва мактаб ҳамагӣ то вақти чошт давом мекунад. Кӯдак аз мактаб, ки бар мегардад зери назорат, тарбият ва таълими модарҳо бузург мешавад.
Аммо ба ин нигоҳ накарда, тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва шаклгирии арзишҳои иҷтимоӣ дар манотиқи ҷудогона гуногун ба назар мерасанд. Яъне дар як минтақа рақсидан дар садри аввали фарҳанги мардум қарор дорад, дар дигар минтақа гӯштин, дар як минтақа ҳақорат аз модару зану хоҳар каломи ҳаррузаи инсонҳо аст, дар як минтақа аҳмақтарин инсон ҷуръат намекунад дар дашномаш аз ин се тоифа ном бубарад.
Сабабҳои шаклгирии арзишҳо ва фарҳанги мардум метавонанд гуногун бошанд, аммо агар ба решаи ин шаклгирӣ баргардем, дар саргаҳи он модар қарор дорад. Яъне, модар барои кӯдак элаки ордбезро мемонад, ки барои пухта кардани нон ордро мебезад ва кафку кирму мӯйро аз он ҷудо месозад ва элак агар комил набошад ва даридаву канда бошад, аз нони пухтушуда бо ҳамаи шаҳомат ва зебогие, ки дорад ба даҳони касе мӯй мезанад ва табъи ӯро хира месозад.
Аз инҷо метавон хулоса намуд, ки дар шаклгирии фарҳанги хонаводагии ванҷӣ, ки ба қавли устод Меҳмоншо аз се масъалаи калидӣ; худогоҳӣ, муносибат кудак бо муҳит ва дарк кардани маънии озодӣ бунёд меёбад, нақши бештарро модарони ин сарзамин доранд.
Баррасии мавзӯъ дар мисоли як маҳалла
Таҷрибаи шахсӣ
Маҳаллаи мо ҳангоме, ки мо айёми бачагӣ мерондем, аз ёздаҳ хонаводаи як қавм иборат буд, ки дар як фазои ҳамзистӣ, ҳамчун як оила-маҳалла ба сар мебурдем. Модар ва занҳои амакамон моро барои корҳои бад сарзанишу лату куб ва барои корҳои хубамон ситоиш мекарданд.
Ман ёд надорам боре амакам ё писарамакҳои падарам гӯши маро кашида бошанд, аммо аз дасти занҳои амакам борҳо шапалоқ хӯрдаам ва гӯшҳоям сурх хона омадаам. Ҳеҷгоҳ ин хабарҳоро ба хона намеовардам, чун медонистам, ҳатман як шапалоқи дигар аз модари худам мехӯрам. Ин тарзи бархурд дар маҳалаи мо як фазои умумии тарбияти наслҳоро ташкил карда буд, ки модарҳои мо онро ташкил ва идора менамуданд ва ҳар як модари маҳаллаи мо хусусиятҳои ба худ хосро доранд, ки дар парвариш ва шаклгирии тафаккур ва муносибати мо ба атроф нақши калидӣ доранд.
Аммаи Ҳур моро ба кавгбачақапӣ, шикор ва мевадуздӣ аз боғҳои худамон ташвиқ мекард ва янгаи Олуфта ба задани кӯдакони ҳамсол дар гуштин ва дар ҷанг, янгаи Гулбегимам бошад, хурусҷанг меандохтем ва то охир тамошо мекардем (Худо ҷои ҳарсеяшонро ҷаннат гардонад). Модари ман бошад бештар сари дониш ва хониш кор мегирад ва моро ташвиқ ба илми дин ва дунё мекунад.
Хушбахтона, фарҳанги оила-маҳалла то ҳанӯз дар маҳаллаи мо пойбарҷост ва ҳар хонаи маҳалла ва ҳар хонаи амак барои мо хонаи шахсист. Албатта дар ташкил кардани чунин фазо нақши падарон низ калидист, ки то ҳанӯз агар дар хонае, масалан, шурбо, манту ё палов пазанд ҳатман ҳамдигарро даъват мекунанд ва бо ҳам мехӯранд. Шояд ин тарзи ҳамзистии мардони маҳал буда бошад, ки дар майнаи занҳо сигнали “мо як хонаводаем”-ро ворид карда бошад… Ва албатта ин як фазоест, ки дар тамоми қаламрави Ванҷ тӯли солиёни зиёд шакл гирифта ва то имрӯз як ҳамзистии муштарак ва устувор барои мардум сохта.
Табиист, ки мо ва модарҳои мо дар ин дунё доимӣ нестем, меоем, то боз баргардем. Ҷои модарҳоро сун(ҳ)орҳо ва ҷои падаронро баччаҳо соҳиб мегарданд. Хуш ба ҳоли марде, ки фарҳанги дар як табақ хӯрданро бо амакбачаҳош нигоҳ бидорад ва хуш ба ҳоли сунҳоре, ки фарҳанги модари ванҷӣ буданро аз байн набарад.
Албатта, аз шаклгирии ҷомеаи инфиродӣ ва хӯрдани шамоли сармоядорӣ на мард ва на зани мо бетаъсир мондан наметавонанд, аммо, мо ки дар як макони аз нуқтаи назари иқтисодӣ заиф ва аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ маҳдуд қарор дорем, аз даст додани фарҳанги оила-маҳала-Ванҷ дар як ҳолати буҳронӣ қарор хоҳем гирифт.
Новобаста аз он ки дар кадом мақом ва макон ҳастем, бояд дар фикри ободии Ванҷ-ватан бошем ва бо зинда нигоҳ доштани арзишҳои фарҳангӣ ватанро ҳамчун як инкубатори парвариши насли боғурур, озод ва созанда нигаҳ дорем. Камолиддин Бозӣ.
Назари хешро иброз кунед