Паплағ

  Аслан, ғараз аз овардани намунаҳои гиёҳҳои шифобахши диёр ҷалби таваҷҷӯҳи мардум ба ин сарватҳои бебаҳои табиати нотакрори Ванҷ аст. Шояд барои бархе ашхоси бемор лозим ояд ва боиси шифои бемории дар вуҷудашон буда ба хости Худованди яктову беҳамто гардад.
  Гиёҳи паплағи Ванҷро ду сол аст, ки дар фасли зимистон ва мавсими авҷи зукком (навоӣ-грипп) истифода мебарем, чун паплағ хусусияти антибиотикӣ ва антибактериявӣ дорад, барои рафъи ин беморӣ (зукком) дар марҳалаи аввали сироятшавӣ кӯмак мекунад.
  Паплағ – бӯимодарон (Achillea, тысячелистник) дар таркибаш витаминҳои С ва К дорад ва ин гиёҳ аз моддаҳои кимиёвии дигаре ба монанди гликозидҳои флавоноӣ (солипорпозид, кемпферол, изосалипупозид), флавоноидҳо (нарингенин, апигенин), қанд, фтолидҳо, алкоҳулҳо бо вазни молекулии боло, зифтҳо, таркиботи стероидӣ, равғани эфирӣ, инозит, моддаҳои даббоғӣ, асидҳои (кислота) чарбӣ, намаки минералӣ, макроаносир (унсурҳои кимиёвие, ки дар организмҳои наботот ва ҳайвонот, ба миқдори зиёд мавҷуданд) мисли (ба миқдори мг-г) К-16-30; Са-7,00; Mg-1,20; Fe 0,13; микроунсурҳои Mh-0,38; Cu-0,51; Zh-0-39; Сr-0-08; Al-0-03; Ce 17,10; Ni-0,71; Sr-0,38; Rb-0,02; B-85-20 ғанӣ мебошад.
  Гиёҳи паплағро дар тибби мардумӣ барои муолиҷаи бемориҳои талха, маҳлул кардани санги талха, ба эътидол овардани кори талхадон, дур кардани токсинҳо (моддаҳои зараровар) аз талха ва ҷигар, муолиҷаи касали ҷигар, меъдаву рӯдаҳо, гурда, дамиши шикаму илтиҳоби меъда (гастрит) истифода мебаранд.
  Гули гиёҳи паплағро барои қатъи қайунӣ истифода мебаранд. Гули паплағ сару либосро аз кафк ҳифз карда, дар замонҳои пеш барои ранг кардани матоъҳо истифода мебурданд. Азиз Қадамов.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.