Назмишо Маҷидов

  Назмишо Маҷидов 5 ноябри соли 1951 дар деҳаи Бунаи ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, баъди анҷоми таълими мактаби миёнаи рақами 25 ноҳияи Қабодиён ва адои хизмати ҳарбӣ солҳои 1974-1979 дар факултаи забону адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (Донишгоҳи давлатии миллӣ) таҳсил намудааст.  
  Баъди муддати кӯтоҳи дар мактаби рақами 42 ноҳияи Қабодиён шуғли омӯзгорӣ доштан, мутахасиси ҷавон Н.Маҷидовро соли 1979 ба ҳайси корманди фаврии Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Кабодиён ба кор гузарониданд. Дар ин умур фаъолияти минбаъдаи ӯ чунин сурат гирифтааст: солҳои 1983-1987-сардори Шӯъбаи кофтукови ҷиноии ШКД ноҳияи Кабодиён, 1987-1992-ҷонишини сардори ШКД, 1992-1998-корманди Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, 1999-2001-ҷонишини сардори ШКД ноҳияи Ғончии нилояти Суғд.
  Аз соли 2001 инҷониб полковник Назмишо Маҷидов ба ҳайси сардори шӯбаи Раёсати кофтуковҳои ҷиноии ВКД. Хизмати бенуқсону намунавии ӯ дар ин самт бо чандин мукофотҳои расмию ифтихорномаҳо қадр гардидааст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.