Толибшо Раҳмоншоев

  Толибшо Раҳмоншоев соли 1952 таваллуд ёфта, дар мактаби миёнаи маркази ноҳия таълим гирифтааст. Баъди хитми мактаби махсус ва олии милиса шуғли ин кори серташвиши ҷавонмардона дорад. Ӯ бевосита аз мактаби шуҷоату диловарӣ дар вақти адои хизмати ҳарбӣ дар Афғонистон (1982-1983) гузаштааст.
  Бо ордену медалҳо қадр шудани хизматаш шаҳодати он сабақҳоест, ки ӯ дар ин ҷода гирифтааст.   Барои нигоҳ доштани сатҳи баланди варзиш заминаи кофӣ ва мӯътамад дорад. Дар мусобиқаҳои гӯштӣ ва бозии баскетбол борҳо ғолиб омадаву ба гирифтани ҳуҷҷатҳои расмии сатҳи баланди варзиш ноил гаштааст.
  Ҳоло соҳиби рутбаи полковники милиса буда, чун сардори Шӯъбаи корҳои дохилӣ, дар таъмини волоияти қонун, бехатарии шаҳрвандон, низоми идоракунӣ, шароити мувофиқи созандагӣ кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳад. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.