Муҳаммадрозиқ Неъматов

  Одамиро аслан эътибору манзалат дар иҷтимоъ баста ба кайфияти хулуқ аст, на ба сарвату симат. Якеро аз дуи охар киса тиҳӣ ва насибаи холист, аммо мардумро ба дилу дида гиромист. Дигареро афзун ба кафу ҷоҳу мақом олист, вале қулуби мардумон аз муҳаббаташ орист.
  Аҷноси одамӣ бо хусусусиёти хеш бориз ва афроде аз ҷинси наринаи инсонӣ бо сифоте сара мешаванд. Аъзои ҷинси мазкурро мард меноманд ва афроде ба соҳибият ва зуҳури вижагиҳои хос “марду” “сарамард” ва касоне шаъни мардиро ба матову атое мефурӯшанд, “номард” унвон мегиранд.
  Мардӣ таҷаллии хусусиёте мисли шуҷоат, хештандорӣ, бардошту тоқат, суботкорӣ, матонат, фидокорӣ, масъулият, садоқат, вафодорӣ, бахшишу ҳиммат, раҳму шафқат, виқор дар ҳама вазъу шароиту макону замон ва тарди мафоҳими мутазоди номбурдаҳо мебошад.
  Муҳаммадрозиқи Неъматзод фарде аз зодагони диёр аст, ки бо таҷалии вижагиҳои фавқуззикр маъруфу мӯҳтарам гаштааст. Муҳаммадрозиқ инсонест, ки аз ӯ танҳо мусбӣ тавсиф мекунанд. Касоне, ки бо вай нишасту муоширату муроҷиат доштаанд, изҳори ризояту қаноат карда, васфи хислату атвори некӯи инсонияшро мекунанд.
  Муҳаммадрозиқ Неъматзод шахси соҳибхираду донишманд, огоҳу шуҷоъ аст. Гӯёву ҷӯёи ҳақ буда, дурӯғу беадолатиро маҳкум мекунад. Эҳсосу ғурури баланди миллӣ дорад. Солҳо дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ дорад, ҳувияти миллиро пос дошта, бо авлодаш миллати хешро муаррифӣ дорад. Онҳо парчами кишвари моро борҳо дар майодину оинаи телевизонҳои хориҷ афшонидаанд.
  Муҳаммадрозиқ аз замони навҷавонӣ аз банди истеъмору итоъат огоҳ буд ва аз он замон майлу даъват ба истиқлолу озодӣ намуда буд, ки ҳанӯз бархе ба ном донишмандон алъон дарки он намекунанд. Ӯ яке аз муборизони роҳи истиқлолхоҳӣ аст, ки бо ҳамандешон мардумро аз хобу ғафлат берун оварданд ва номи хешро дар саҳафоти таърихи кишвар сабт карданд.
  Неъматов Муҳаммадрозиқ Ризоевич дар таърихи 25 майи соли 1972 дар деҳаи Пшихарви ноҳияи Ванҷ дар оилаи муаллим ба дунё омадааст. Соли 1996 мактаби ҳаштсолаи №20-и деҳаи Пшихарвро бо баҳои аъло хатм карда, мактаби миёнаро дар Қалъаи Хумб хатм кардааст.
  Баъди хатми мактаб ба факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳуҷҷат супурд, вале дар соли аввал муваффақ нашуд. Барои дар шаҳр мондану барои омодагӣ дидан ба таҳсил дар донишгоҳ, хонишро дар Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №30-и Душанбе идома дода, рӯзона ҳунари сохтмонӣ меомӯхт ва шабона дар давраҳои омӯзишӣ дониш меандӯхт.
  Соли 1990 дар дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон факултаи рӯзноманигорӣ (журналистика) кушоданд ва Муҳаммадрозиқ бо баландтарин имтиёз ба он дохил шуд. Вале мутаассифона, оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва нооромиҳо дар кишвар имкон надод, ки ӯ донишгоҳро хатм кунад ва дигар фурсату имконияти идома ва хатми таҳсилро дар зиндагӣ пайдо накард.
  Муҳаммадрозиқ ба таълифу навиштан аз замони мактабхонӣ шавқ дошт. Навиштаҳояш дар рӯзномаи ноҳиявии “Ватан”, “Ҷавонони Тоҷикистон” ва дигар рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ чоп мешуданд. Навиштан ҳоло ҳам барои ӯ саргармӣ ва кори завқӣ аст, ки ҳангоми фароғат чизе таълиф мекунад.
  Ҳоло Муҳаммадрозиқ дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” гурӯҳи варзишӣ таъсис дода, барои пешрафт дар кори варзиши кишвар хидмати арзандаро анҷом медиҳад. Ахбори гуногуни варзиширо пешкаш намуда, варзишкорони маъруф ва истеъдодҳои навро ба мардум муаррифӣ карда, онҳоро ташвиқу рӯҳбаланд менамояд.
  Фарзандони хешро низ дар варзиш обутоб додааст. Писари калонияш Ёсин соҳиби шаш медали тиллои мусобиқот гашта, барои Тоҷикистон ду медали биринҷӣ  аз мусобиқаҳои ҷудо дар Ҳонконгу Макао касб кардааст ва дар мусобиқаи байналмилалӣ дар кишвари Юнон дар вазни 73 кг соҳиби медали тилло шуд. Дар мусобиқаи байни давлатҳои арабӣ, ки аз ҷониби АМА ширкат дошт, ду медали биринҷӣ ба даст овард. Ҳоло дар кишвари Ҷопон ба забономӯзӣ машғул аст.
  Писари дуввумашон Абдуллоҳ дар сабқати ҷаҳонии ҷиуҷитсу дар миёни наврасон дар Юнон соҳиби медали биринҷӣ, дар мусобиқаҳои Донмарк ду медали нуқра, дар Юнон тилло, дар мусобиқоти байни клубҳои осиёӣ ҷои сеюм, дар қаҳрамонии осиёиғарбӣ ҷои сеюмро ишғол кардааст.
  Писари севвумашон Рошид, ки хонандаи мактаб аст, ба ҷудо машғул буда, дар бисёр мусобиқот комёб гаштааст. Духтари калонашон Симин факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи Қосимии Шорҷаи Амороти Муттаҳидаи Арабро хатм карда, алъон ба магистратураи он омодагӣ мебинад. Духтари дуввумашон Омина донишҷӯи соли аввали факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Шорҷаи ин кишвар мебошад.
  Муҳаммадрозиқ солҳост бо хонавода дар шаҳри Дубайи АМА мезияд. Ӯ дар миёни мардум ҳамчун шахси сахию ҳимматбаланд маъруф гардидааст. Ҳамдиёру ҳаммилатонро дар он ҷо кӯмаку имдод мекунад. Дар ободии диёри худ саҳмдор аст. Дасти сахояш ба мустаманду дармондагон дароз аст. Шахси бетафовут набуда, дилсӯзи мардум ва ғамхори фарҳанг аст. 02.01.2020.

Мақолаҳои марбута:
Духтаре, ки ҳадафи падарро такмил кард 
Падарам

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.