Хушқадам Холиқов

Устод, муҳаққиқ, шоир ва нависанда

  Агар оиди шахсиятҳои фарҳангии имрӯзаи Ванҷи пурганҷ сухан гӯему номи ин шахс фаромӯш шавад, ин ҷо равзанаи холиеро хоҳад монд. Ба тамоми маъно омӯзгор, шоир, нависанда, рӯзноманигор муҳаққиқ, соҳиби се китоб ва чорумаш омодаи нашр аст. Худатон баҳо диҳед, агар дар суханони ман шак дошта бошед. “Сарнавишти падар”, “Ванҷ дар роҳи маърифат” ва “Табибони Ванҷ” китобҳои нашршудаи қаҳрамони мақолаи мо, яке аз устоди устодони Ванҷзамин Хушқадам Холиқов мебошанд.
  Шояд саволе ба миён ояд, чаро устоди устодон. Метавон гуфт, пуштибони устодон. Чун шоҳиди пуштибониаш аз аксари омӯзгорон низ будаам. Муовини раиси ноҳия буданд, муаллим Хушқадам ва сарпарастии соҳаи маорифи ноҳия бар дӯши эшон буд. Мудири шӯъба ва кормандони шӯъбаро эрод гирифт, ки чаро нисбати фалон омӯзгор рафтори хуб нашуд, ӯро малол кардед, хизматаш калон буд ва ғ. Ва барҳақ дар як шеъраш ин маъноро низ ба риштаи назм кашидааст:
Ҳаргиз назанам теша,
Бар решаи ҳампеша.
  Аз ин рӯ, дар кадом мақому вазифае фаъолият намудааст, дар байни ҳамкорон ва зердастон соҳиби ҳурмату эҳтиром будааст. Хушқадам Холиқов зодаи деҳаи зебоманзари Бунай буда, соли 1954 ба дунё омадааст. Таҳсилоти мактабиро дар деҳа ва маркази ноҳия фаро гирифтааст. Пас Донишгоҳи давлатии омузгории Душанберо бо ихтисоси таълими меҳнат ва физика хатм намуда, дар мактаби деҳа ба сифати омӯзгор оғози фаъолият кардааст.
  Баъд ҳамчун ҷонишини қисми таълимӣ ва ба ҳайси директори мактаби зодгоҳ кор кардааст. Соҳиби унвони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ва узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон мебошанд. Солҳои 2002 – 2006 чун шахси кордон ба вазифаи мудирии шӯъбаи маорифи ноҳия таъйин мешавад. Сипас ба вазифаи раиси ҷамоати Ҷовидон интихоб мегардад.
  дар вазифаи муовини раиси ноҳия кор карда, боз бори дигар раиси ҷамоати Ҷовидон интихоб мешавад. Дар тамоми вазифаҳое, ки фаъолият намудааст, шахсӣ ҷиддӣ ва дилсӯз буд, устод дар ин вақтҳо аз эҷоду таҳқиқ дур набуд ва китобҳояш аз он далолат мекунанд.
  Фарзандони фарзонаро бо ҳамдастии ҳамсараш тарбия намудааст. Имрӯзҳо Устод давлати пирӣ меронад, вале аз деҳқонию боғдорӣ ва кори хоҷагӣ ҷудо нест. Аз меҳмондорӣ завқ мебарад устод. Мо ба устод ва аҳли оилааш аз даргоҳи Худованд пеш аз ҳама тандурустӣ, баракат дар корҳо ва муваффақиятро дар эъҷодаш таманно мекунем.
Порае аз ашъори устоди гиромиқадр:

Агар афтад гузорат сӯи Бунай,
Шавӣ сармаст з-овози дафу най.
Дар оғӯши базеби боғу роғаш,
Хуморӣ мешавӣ аз бодаю май.

***
Рози дил бо дӯстон ҳаргиз магӯй.
Хайрхоҳи дӯст бош, айбаш маҷӯй.
Шикваи беҷо макун аз дӯстон.
Мешавад он гоҳ дӯстат меҳрубон.

***
Илму дониш зиннати инсон бувад,
Кашфи асрори ҷаҳон аз дониш аст.

***
Забон аз гуфтани беҷо нигаҳ дор,
Напурсида макун лаб во ба гуфтор

***
Ҳаргиз назанам теша.
Бар решаи ҳампеша.

Давлатмир Юнусзода. 24.10.2020.

1 Назар

  1. Дар Бунайяму Боршида ёд кунам.
    Още кашаму дила аз ғам озод кунам.
    Ин решаи мо аз Вахё то Ванҷи болост,
    Ҷонро фидои мардуми Ванҷу Вахё кунам.

    Офарин ба мардони донишманд!.

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.