Миҳтоҷова Давлатбибӣ 28 декабри соли 1951 дар деҳаи Одешт таваллуд ёфтааст. Солҳои 1958-1968 дар мактаби №16 таҳсил намудааст. Соли 1972 факултаи таърихи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро хатм карда, аввал дар мактаби №16, пас аз он дар мактаби №13 шуғли устодӣ варзида, баъд муаллимаи фанни таърихи мактаби №12 гардидааст. Аз соли 1978 то соли 1982 мудири мактаби №12 будааст.
Муаллима то замони ба нафақа баромдан дар ин муассиса ба таълиму тарбия шуғл доштааст.
Бонуи матин
Занонро ба хотири заъф дар нисбати мардон заифа меноманд. Вале бештару сангинтарин умури ҳаётӣ бар зиммаи занон вогузошта шудааст. Таваллуди фарзанд – идомадиҳандаи насли башар, парваришу ба воя расондани ӯ, анҷоми умури хонаву муроқибат аз аҳли хонаводаву ҳатто шавҳар бар гардани ӯ бор аст. Ба мардон дар умум, танҳо як кор – таъмини нафақаи аёл мемонад. Аммо заноне будаву ҳастанд, ки бар зами адои вазифаю ӯҳда дар баробари мардон дар корҳои ҷамъиятӣ ширкат дошта, аз хеш нақшу нишоне боқӣ гузоштаанд.
Муаллима Давлатбибӣ Мӯҳтоҷова аз зумраи чунин қаҳрамонзанонест, ки бо матонати мардона дар ҷомеа дар тӯли умр ба ҷамъият хидмат намуд. Дар давоми фаолияти меҳнати наслҳои зиёдро дар диёр таълим дода, тарбия намуд ва ба изҳори маҳорат дар ин ҷода яке аз устодони беҳтарини ноҳия эътироф гардид ва шогирдони мутааддидаш аз ӯ ба муҳаббат ёдовариҳо мекунанд.
Давлатбибӣ Мӯҳтоҷова дар таърихи 28 декабри соли 1951 дар деҳаи Одешт таваллуд ёфта, маълумоти миёнаро дар мактаби №16-и деҳаи Бовуд (дар солҳои 1958-1968) фаро гирифта, баъдан, факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (соли 1972) хатм кардаанд. Пас аз хатми донишгоҳ ба зодгоҳ баргашта, дар мактаби №16 ба муаллимӣ шурӯъ карда, баъди ба шавҳар баромадан ба Ванҷи Боло (ба Давлатбег Шамсуддинов) муддате дар мактаби №13-и деҳаи Ширговад пешаро идома дода, пас аз он ба ҳайси муаллимаи фанни таърихи мактаби №12-и деҳаи Мудехарв то синни нафақа фаъолияти меҳнатӣ карданд.
Муаллима аз хонадони бо фарҳангу маърифат буда, худ донандаи хуби илми таърих, дорои зеҳни дарроку кордон буданд, ки ба назардошти ин ӯро дар соли 1978, ки ҳамагӣ панҷ солу чанд моҳ таҷрибаи муаллимӣ доштанд, мудири мактаб таъйин мекунанд, ки то соли 1982 мактабро роҳбарӣ намуд.
Муаллима бо истифода аз равиши хоси таълимӣ ба шогирдон дарс мегуфт ва ба туфайли он хонандагони мактаб таърихро хуб медонистанд. Номзади илмҳои таърих Ҷаъфар Нӯъмонов ва донандаи хуби таърих Амон Қадамов ва бисёре дигар таърихдону таърихдӯстони зиёди деҳа шогирдони муаллима мебошанд.
Муаллима инсони меҳрубону мушфиқ буда, бо соҳибилмию маърифатнокию фарҳангдорӣ дар деҳа аз дигарон фарқ дорад. Бо изҳори маърифати баланди инсонӣ иззату икром ёфта, аҳли деҳ дар нисбаташон муҳаббату эҳтиром доранд. Мо шогирдоне, ки аз муаллима касби таълиму тарбия кардаем, дар нисбаташон меҳру эҳтироми модарона дорем.
Фарзандони муаллима дар одобу хониш намуна буданд. Саодату Рафоат мисли модар муаллима шуданд. Писари бузургашон Рамзӣ хонандаи донову зираки мактаб ва ҷавонмарди шуҷои деҳа ба сабаби шароити сангини солҳои ҷанг дар пойтахт донишгоҳро тарк карда, ба муҳоҷират рафт. Ба писарони дигарашон Фирдавс, Далеру Бахтиёр, ки ҷавонмардони боадабанд, касе аз аҳли деҳу хориҷ аз он нақду эрод надорад. Муаллима алъон соябони сари фарзандонанд ва Худованд умри дарози батавфиқашон ато фармояд!. Ашраф Акрам.
Назари хешро иброз кунед