Мард намирад ба марг

Бо худораҳматӣ дар Сунбулаи Ҳисор, тақрибан як сол пеш аз вафоти марҳум

Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ҷуст,
Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост.
  Ҳамин шаб буд, ки Акаи Сабзалӣ Мастов дар сафҳаи фейсбукаш аз марҳум Раҳматуллоҳ Сурхов ёдоварӣ карданд, ки агар марг амон медод, раҳматӣ имрӯз ба синни 54 солагӣ мерасид. Ин ёдоварӣ боис шуд, ки аз хотироти хеш бо бародари гиромиву ҷавонмаргамон Акаи Раҳматуллоҳ, матлаби зерро рӯи сафҳа биоварам.
  Раҳматуллоҳ, хешованди наздики мо аз деҳаи Мдехарв, писари хурдии муаллим Аҳмад, бародари хурдии мардони шинохтаи диёр Муҳаммад ва Абдулло Сурховҳо буданд. Ӯ дар айни камолоти умр дар пайи бемории меъда, дорулфаноро падруд гуфт ва ба назди Парвардигораш шитофт, ки ҳамеша забонаш аз зикри Раббулиззату салавоти Расули Худо тар буд.
  Аз марҳум Раҳматуллоҳ Абдурраҳмону Юсуфу Зайнаб ба ёдгор монданд, ки ба инояти Худо ва заҳматҳои модари азизашон ба воя расида, ҳоло дигар бузург шудаанд. Раҳматуллоҳ, ки Худованд аз раҳмати хеш барояш фазилатҳои хуби инсониро ато карда буд, инсоне самимӣ ва дарёдилу сарбаланд буд. Дар иртиботи хешовандӣ то ҳол монанди ӯ касеро надидаам. Насабҳоро хеле хуб медонист ва ҳама хешовандонро мешинохт. Хулоса, инсоне шариф ба маънои томи ин ибора буд.
  Ҳамроҳу якҷоя хиёбону ҷодаҳои шаҳри Қоҳираро, ки хеле вусъат дорад, аз Ҷиза то Манялу ҷазираи сабзи Замолику Алмоза, аз Ҳелвон то Шубраву Амирияву майдони Рамсес пиёда ва гоҳо савори таксиву автобус, чарх мезадем. Сафари якҷояи мо ба кӯҳи Тури Сийно, ки қадамгоҳи Паёмбарони Худо, Мӯсо ва Ҳорун, алайҳимуссалом аст, барои ҳамеша дар зеҳну ёдаам нақш бастааст ва дар китоби хотиротам ҷойгоҳи бемисоле дорад.
  Қадам заданҳо дар соҳилҳои Халиҷи Форс ва гармиҳои Дубайу Шориқа ҳаргиз аз ёдам намеравад. Аз даврони навҷавониш қисса мекард, аз замони донишҷӯӣ, дар бобати дӯстону ёрони мактабӣ суҳбат мекарду бо зарофат аз мардуми хуби диёр латифае намакин мегуфт.
  Ҳар кас, ки бо ӯ ҳамнишин мешуд, самимияташро дармеёфту дарҳол бо вай дӯст мешуданд. Замоне, ки дар Қоҳираву Дубай якҷо будем, аз беҳтарин айёмест, ки дар зеҳну ёдам мондааст. Доимо аз китоби Худову суханҳои Расули Худо алайҳиссалом, ё байту ғазал аз шоирон мегуфт. Ашъору барбастҳои шоирони маҳаллиро зиёд медонист ва суҳбатеро бо ӯ ёд надорам, ки бе баҳси шеъру шоирӣ бошад.
  Марҳум, ки шарқшиносӣ ҳам хонда буд ва аз адабиёт огоҳии хуб дошт, дар хонаводае парвариш ёфта буд, ки ҳамагӣ ба илму дониш дилбастагӣ доштанд. Гоҳо ягон-ягон “байд”-и тӯёнаи ванҷӣ замзама мекарду мегуфт, ки ҳамин ҳунарҳои мардумии мо бояд гум нашаванд.
  Худо раҳматаш кунад, ҳамеша ёди ватан мекард ва мегуфт, ки хости Худо бошад, дар охири умр, фарзандҳо ки калон шуданд, мерам дар Лангар (байни Ғӯмасу Рованд), ки ватани бобиҳом аст, як хона месозаму ба ибодату риёзат мепардозам… Аммо, умр вафо накарду ҳама дӯстонро дар сӯгу азои хеш гузошту дар ҷавонӣ аз байни мо бирафт…
  Мегуфт марг ҳаққаст, вале агар мурдем, дар Ванҷ хок шавем…Ӯ як ванҷӣ бо ҳарфи калон буд. Ва барои охирин бор бо гирифтории дард ба Ванҷ рафту аз он ҷо ба якборагӣ рафт… Ӯ рафту хабари маргаш ҷумла дӯстонро ҷигархун кард… Барои аввалин бор буд, ки рафтану дигар барнагаштани як бародари хуб, як дӯсти азиз, як хешованди дӯстдоштанӣ, як инсони шарифро дар ҷавонии худ медидам ва ашки чашмонам беист мерехту ҷаҳон дар назарам дигар торик шуда буд…
Саҳар мегуфт булбул боғбонро,
Дар ин боғ ҷуз ниҳоли ғам нагирад.
Ба пирӣ мерасад хори биёбон,
Вале, гул чун ҷавон гардад, бимирад.
  Худобиомурз тану тӯши паҳлавонӣ дошт ва гӯштину волейболро ниҳоят дӯст медошт. Пайваста барои ҳаққу ҳақиқат талош дошт ва дар ҷойи даркорӣ бо қуввати бозу ҳам аз ҳаққи худ дифоъ мекард. То ҳол дӯстоне, ки дар ғарибиҳо ҳамроҳи мо буданд, аз инсонияти баланду ҷавонмардии Акаи Раҳматуллоҳ ёд мекунанд.
  Бо ахлоқу родмардие, ки дошт номи худро барои мо ҷовидона сохт ва зикри хайри ӯ дар хотироти ҳама дӯстони содиқаш сабт гардидааст. Парвардигоро! Бародари азизи мо Раҳматуллоҳро ғариқи раҳмати хеш бигардон, ӯро биомурз ва дар биҳишти барини хеш маъвояш бидеҳ!. Зоиршоҳи Давлат. 16.01.2021.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.