Иқбол Самиев

  Иқбол Самиев соли 1912 дар деҳаи Бовуди амлокдории Ванҷ ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатиаш аз солҳои наврасӣ оғоз ёфт.   Қобилияти ташкилотчигиаш буд, ки соли 1930 ӯро ба котибии аввали ячейкаи комсомолии Ванҷ интихоб намуданд. Аз ҳисоби ҷавонон бригадаи махсуси корӣ ташкил дода, дар сохтмони шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ (қисмати Комсомолобод -Помир) фаъолияти баланди ташкилотчигй ва меҳнатй нишон додааст. Шоҳидон борҳо аз ҷуръату мардонагии он, ки дар ҷойҳои хавфноку касногузар (аз ҷумла овринги Тиёқпартов), дар ҷое, ки дигарои ҷуръати ба поён назар кардан ҳам надоштанд аз миёнаш ресмон баста, худро алвонҷ дода маводи таркандаро ҷой мекард. Баъд онро таркопда роҳ мекушоданд.  
  Дар солҳои мудҳипш Ҷанги Бузурги Ватанй Иқбол Самиев чун корманди масъули ҳизб ҳамдиёронро бо ибрати шахсии хеш рӯҳбаланд намуда, нишондиҳандаҳои истеҳсолиро ба сатҳи намунавӣ мебардошт. Ҳаҷми маҳсулоти барои ҷабҳа пешбинишуда торафт меафзуд. Дар солҳои баъдиҷангӣ тамоми фаъолияту маҳораташро барои пешбурди маорифи ноҳия сарф кардааст. Бо ташаббуси ӯ сол аз сол сафи донишҷӯёни макотиби олӣ аз ҳисоби ҷавонони маълумоти миёна гирифтаи Ванҷ, ки дар байни онҳо духтарон хеле фаъол буданд, зиёд мешуд.
  Садоқати худро нисбат ба пешрафти маорифи ноҳия дар солҳои сарварии мактаби миёнаи рақами 16-ро ба ӯҳда доштанаш низ бараъло нишон додааст. Ӯ дар солҳои охири ҳаёт низ, ки саломатиаш сусту бемориаш тӯлонӣ буд, фаъолияти меҳнатии намунавии худро суст накардааст. Моҳи ноябри соли 1990 дили ин мард аз задан бозистод. Вале хотираи некаш дар қалбу эҳсоси ҳамдиёронаш абадист. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

 

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.