Қувват Холов

  Қувват Холов соли 1907 дар деҳаи Потови амлокдории Ванҷ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Маълумоти нахустинро дар назди муллои деҳа гирифта, баъдтар бо саъйи мустақилона донишу фаҳмиши хешро сайқал додааст.  
  Баъди ғалабаи Инқилоб, ки имконияти донишандӯзӣ пайдо шуд, роҳбарияти маҳаллӣ лаёқати Қ. Холовро пай бурда, соли 1925 ҳамроҳи чанде аз ҷавонон, аз ҷумла Мирсаид Миршакар ва Даврон Элчибеков барои таҳсил ба мактаби ҳизбӣ шӯравии дар пойтахти навбунёди Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ба тозагӣ таъсисёфта фиристоданд. Баъди хатми он, соли 1927 бо роҳхати ҳукумат ба Ховалинг фиристода шуд. Акнун ки амалан фаъолияти маҳнатиаш аз вазифаҳои барои он вақт ниҳоят серташвишу ҷиддӣ сар шуда буд, аз ӯ ҳушёрии сиёсӣ, ҷасурию адолатпешагӣ талаб мекард.   Солҳо 1927-1929 Қувват Холов раисии суди ноҳияҳои Ховалингу Оби Гарм, сипас солҳои 1929-1933 раисии суди халқии иоҳияи Қалъаихумбро ба ӯҳда дошт.   Баъди таъсисёбии ноҳияи Ванҷ Қувват Холов солҳои 1933-1946 дар вазифаи ҷонишини мудирияти (сардори) НКВД кор кардааст. Солҳои барқароркунии баъдиҷангӣ аз роҳбарияти вилоят ва ноҳия талаб карда мешуд, ки аз ҳисоби коммунистони таҷрибаи бои ташкилотчигӣ дошта, роҳбарияти хоҷагиҳо мустаҳкам гардонда, ба ин роҳ имконияти истеҳсолиро баланд бардоранд. Дар қатори онҳое, ки роҳбарияти ҳизбӣ барои кори кишоварзӣсафарбар карда шуданд Қувват Холов низ буд. Ӯ соли 1946 ба вазифаи раиси колхози ба номи Қаробоев тавсия дода шуд. Солҳои 50-ум роҳбарияти ҳизбию шӯравии ҷумҳурӣ сиёсати муттаҳид намудани колхозҳо ва дар ин замина ташкил намудани хоҷагиҳои калонтаре, ки имконияти бештари истеҳсолӣ пайдо мекунанд, амалӣ гардонданд.
  Дар заминаи колхозҳои ба номи Қаробоев, Фрунзе ва “Роҳи Сталин” як хоҷагии калони коллективии ба номи Фрунзе таъсис дода шуд. Қувват Холов солҳои 1954- 1956 вазифаи муовини раиси ин колхозро ба ӯхда дошт. Дар оянда солҳои 1956-1961 фаъолияти ин марди корозмуда ба ҳайси котиби масъули хоҷагии ҷангали ноҳияи Ванҷ сурат гирифт. Дар ҳамаи вазифаҳое, ки ба зиммааш мегузоштанд, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ хизмат кардааст, то рӯзи охирини ҳаёт (30 апрели соли 1988) чун узви фаъоли ҷомеа донишу маҳорати хешро сарфи рушду нумӯи ноҳияи азизаш намуда, бо ин номи некашро дар сафҳаи таърихи ноҳияву хотири авлодон гузоштааст. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.