Исҳоқ Шарипов соли 1904 дар деҳаи Техарви ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Дар тамоми намудҳои варзиши анъанавии диёр саҳмгузорӣ намудааст.
Вале аз ҳама беш ба бузкашй машҳур гаштааст. Бино ба ахбори журналист Е.Назаров, ӯ дар чандин намоишҳое, ки дар рӯзҳои иди Наврӯзй дар ноҳия барпо мешуданду бузкашони номӣ аз ноҳияҳои ҳамсоя дар онҳо иштирок доштанд, бо чолокию ғаюрӣ ва қувваи фавқулодда мустаҳками панҷаҳои хеш бузро аз қуръа канда, аспашро чунон пеш метозонд, ки ягон рақибе ба ӯ расида наметавонист.
Аз нотарсию ҷасуриаш боз он чиз далолат мекунад, ки бо буз борҳо бо аспаш дарёи Ванҷобро убур карда, чапғалат дода, бузро ба холгоҳ партофтааст. Ӯ дар қатори машҳуртарин човандозҳои ноҳия қарор дорад. (Аз китоби «Ванҷ»-и Ҳ. Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед