Қоғазистеҳсолкуни язгуломӣ

  Олими бузург М.С.Андреев ҳангоми тадқиқотҳои этнографии худ дар Баррӯшон бо яке шахсиятҳо Маҳмадулло Қирғизов, ки аз таърихи Язғулом хуб огаҳӣ дошт,  вохӯрда, аз сӯҳбати ӯ дармеёбад, ки дар Язғулом як ҳунарманди қариб ҳамакора Абдусамади Андарбагӣ, ки охири асри XIX вафот кардааст, коғаз истеҳсол мекардааст. Ҳунарро аз як устои ванҷӣ бо номи Шералӣ, ки дар мавриди ба ин кор машғул мешуд, омӯхтааст. Абдусамад, – менависад М.С.Андреев, – як дастгоҳчаи хурди оддӣ сохта, сари чанд вақт ба коғазтайёркунӣ мепардохт. Азбаски босаводони ба коғаз эҳтиёҷманд кам буданд, ӯ бисёр тайёр намекард. Бо пайдо шудани эътиёҷ дар як рӯз то 10 дона коғаз гирифта метавонист.
  Аз рӯи навиштаҳои ин олим Абдусамад ба сифати ашёи хом пахта, кӯҳнабӯрёи пахтагӣ ё латтапораҳои карбосиро истифода мебурд. Ӯ пахтаи наву кӯҳнаро дар об тар карда, дар болои тахтасанг ё ҷувоз то тамоман майда шудан мекӯфт ва он чизи ба шираи ордоб монандашударо бо об омехта карда, ба ягон зарфи чуқур андохта, бо чарх тобонда, онро ба як моеъи тунуки ранги ширчой дошта, мубаддал мекард. Сипас бо қошуқ аз он моеъ ба чорчӯбае, ки дар дарунаш матои тунук кашида шуда буд, мерехт. Баъди хушк шудан, он моеъ шакли коғазро мегирифт ва ӯро ҷудо намуда, оҳор (крахмал) дода суфта мекард.
  Ҳамин тариқ коғази нисбатан хушсифати бадошт тайёр мешуд. Ин коғазро бештар муллоҳо бо ивази ягон чиз мегирифтанд. Аз рӯи шунидаҳо дар Язғулом китобҳо танҳо аз ин коғаз китобат шуда буданд. Баъди вафоти ин усто ҳунари коғазбарорӣ низ қатъ шуд¹. Албатта сабаби қатъ шудани истеҳсоли коғазро дар фавти ҳунарманд ҷустан хатост. Сабабашро дар вуҷуд надоштани бозор ва мавҷуд набудани талабот нисбати ин маҳсулоти ҳунармандӣ дидан лозим аст. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

¹. Ниг.: Андреев М.С. Таджики долины Хуфа. – Вып. 2. – Сталинабад: Изд-воАН ТаджССР, 1958. – С. 211-213.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.