Зиёратшо Эмомов

  ZiyoratemomСоли таваллудаш 1945. Оғози фаъолияти меҳнатӣ-1967 ҳамчун иқтисодчии колхози “Коммунизм”, солҳои 1972-1983 сариқтисодчии совхоз “50-солагии СССР”, 1983-1985 мудири шӯъбаи хоҷагии деҳаи (кишоварзӣ) кумитаи ноҳиявии ҳизб, 1985-1988 раиси иттиҳодияи агросаноатӣ, ҷонишини якуми раиси кумитаи иҷроия, 1988-1992 ҷонишини раиси кумитаи иҷроия, 1992-1995раиси ҷамъияти матлуботи ноҳия аз соли 1996 роҳбари хоҷагии давлатии ба номи Қ.Баротоваро ба ӯҳда дошт. Дар аз худ намудани заминҳои Сурхсангов, Дашти Бовуд, Вишхарвак, Рованд, Гармчашма, Рав,Бунай, сохтмони каналҳои Вишхарвак, Рованд, Ускроғ, Баравн ва ғайра саҳмгузор аст. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев. Ҳарфчин Бежан Ашрафӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.