Шодӣ Муродбеков

  ShodimurodШодӣ Муродбеков соли 1940 дар деҳаи Рохарви деҳшӯрои Ванҷ, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Фаъолияти касбиаш баъди хатми Донишкадаи хоҷагии қишлоқи ш.Душанбе (Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон) соли 1967 оғоз ёфт.
  Ш.Муродбеков солҳои 1968-1970 ба сифати мутахассис дар шӯъбаи кишоварзии дастгоҳи иҷроияи ВМКБ, 1970-1975 сардори Управленияи хоҷагии кишоварзӣ ноҳияи Ванҷ, 1975-1980 сарвари (директор) совхози “50-солагии СССР” (хоҷагии деҳқонии ба номи Қобиламо Баротова), 1983-1995 раиси Селхозҳимияи ноҳияи Ввнҷ, 1995-997 раиси хоҷагии деҳқонии ба номи Қобиламо Баротова, аз соли 1997 то охири ҳаёташ (2000) сарвари идораи шуғли аҳолии ноҳияи Ванҷро ба ӯҳда дошт.
  Дар ҳамаи ин вазифаҳои номбурда Ш.Муродбеков бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ кор кардааст. Ба туфайли ин меҳнати ҳалол ва намунавиаш дар байни ҳамдиёронаш эътибори хоса дошт. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев. Ҳарфчин Бежан Ашрафӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.