Давлатмаҳмад Шомаҳмадов

  DavshomhmadДавлатмаҳмад Шомаҳмадов соли 1944 дар деҳаи Вравзи деҳшӯроӣ Водхуд ба дунё омадааст. Соли 1966 факултаи забону адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г Шевченко (Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба Қ.Ҷӯраев) аз соли 1981 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуд.
  Фаъолияти меҳнатии Д.Шамаҳмадов ин зайл тсурат гирифт: солҳои 1966-1971 муаллим, мудир қисми илмии мактаб, 1971-1973 корманди кумитаи ҳизбии ноҳияи Ванҷ, 1973-1981 раиси ҷамоати (деҳшӯро) Водхуд, 1981-1994 ҷонишини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон, 1994-1996 директори совхози ба номи ЁрШомаҳмад, аз соли 1996 муаллими фанни забону адабиёти мактаби миёнаи Водхуд.
  Дар ҳама ин вазифаҳои дар боло ишорашуда Давлат Шомаҳмадов маҳорати баланди ташкилотчигӣ ва роҳбарӣ нишон дадааст. Ӯ дар сохтмону ба истифода додани чунин биною иншоотҳо ташаббусу ширкати бевосита дошт: биноҳои мактаби миёна ва ибтидоӣ дар деҳаҳои Лугад, Лахш, Узбай, нуқтаҳои тиббӣ дар Лугад, Пшихарв, китобхонҳо дар Баравну Пшихарв, хонаи маданият ва биноҳои дигари маъмурӣ дар деҳшӯрои Водхуд, роҳи мошингард то деҳаи Пшихарв (аз роҳи калони давлатӣ) дар масофаи зиёда аз 10 км ва ғайра. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев. Ҳуруфчин Бежан Ашрафӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.