Васила Ғафурова

  VasilagafurВасила Ғафурова 9 июли соли 1944 дар деҳаи Техарв, деҳшӯрои ҳамноми ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Фаъолияти меҳнатиаш пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 2-и зодгоҳаш оғоз меёбад.
  Зиёда аз бист сол  (1964-1985) вазифаи раисии деҳшӯрои Ровандро ба зимма дошта, дар ин амал санъати баланди  роҳбарӣ ва ҷиддият, масъулиятшиносии хешро борҳо собит сохтааст. Дар ҳама самтҳои ҳаёти деҳшӯро нақши созандагии В.Ғафурова равшан аён аст. Яке аз омилҳои мустаҳкамшавии базаи техникӣ, баландшавии сатҳи истеҳсолот, зиёдшавии ҳосилнокии меҳнат, муттасил беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоӣ, пешравии маданияти зиндагӣ, сокинони деҳа, амали якҷояи раиси шӯрои деҳа бо раисии правленияи колхоз, мураббии ғамхор, шахси корозмуда Маҳмадҷон Ҷорӯбкашов буд.
  Маҳз бо дастгирии ин марди шариф ба раиси ҷамоат муяссар гардид, ки дар деҳа биноҳои ҳозиразамони интернати давлатӣ, мактаби миёна, клуб, нуқтаҳои тиббӣ ва ғайра сохтаву ба истифода дода шуданд. Корҳои маданӣ-равшаннамоӣ қисмати муҳими фаъолияти раиси ҷамоат ҳисоб меёфт. Яке аз нишондиҳандаҳои ҷолиби кори ин роҳбар пеш бурдани  тарбияи ахлоқӣ буд. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, ба туфайли ҳамин тарбияи баланд дар давоми 20 соли фаъолияти ин ду раиси номбурда, дар деҳшӯрои Техарв ягон ҳодисаи канда шудани ақди никоҳ дар оилаҳо мушоҳида нашудааст. Ҳамасола бо маслиҳати ин сарварони хоҷагӣ ва шӯрои маҳаллӣ гурӯҳи духтарони мактаби миёнаро хатмнамуда, барои идомаи таҳсил ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси мухталиф ба маркази ҷумҳурӣ фиристода мешуданд. Ин имкон медиҳад, ки сафи духтарон ва занони  маълумоти олидор то рафт афзоянд.
  В.Ғафурова борҳо ба депутатии шӯрои вилоятӣ ва ноҳиявӣ интихоб шудааст. Меҳнати фоидакоронаи ин зани масъулиятшинос бо чандин медалу ифтихорномаҳои сатҳи олии ҳизбию шӯравӣ қадр шудааст. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев. Ҳафчин Бежан Ашрафӣ.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.