Валӣ Хусравов соли 1918 дар деҳаи Мурғуттаи амлокдории Ванҷ дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз колхозчии оддӣ сар карда, то вазифаҳои масъули ҳизбию шӯравӣ расидааст.
Солҳои 1935 – 1943 муаллим ва мудири мактаб, 1944 – 1947 котиби дуюм ва якуми кумитаи комсомол, 1952 – 1957 мудири шӯъбаи тарғиботу ташвиқоти кумитаи ҳизбии ноҳия, сипас раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи халқ ва аз моҳи марти соли 1967 то охири ҳаёт (4 феврали соли 1971) мудири шӯъбаи маданияти кумитаи иҷроияи ноҳияи Ванҷ шуда кор кардааст.
Ҳисси масъулиятшиносии касбӣ, рафтори ҷиддӣ нисбат ба вазифа, ифтихори беандоза ба диёр доштани ин марди асилро ҳамдиёрон хуб эҳсос намуда, самимияти худро нисбаташ пинҳон намедоштанд. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.
Назари хешро иброз кунед