Ширинҷон Дамдоров

  Ширинҷон Дамдоров 23 апрели соли 1939 дар деҳаи Бунаи ноҳияи Ванҷ дар оилаи кишоварз ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна, соли 1956 завқи идомаи дониш ӯро ба факултаи забонҳои хориҷии (шӯъбаи инглисӣ) Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев) овард. Баъди хатми донишкада, соли 1960 фаъолияти меҳнатиаш ба ҳайси муаллими фанни забони хориҷӣ (инглисӣ) дар мактабҳои деҳаи Бунаӣ ва маркази ноҳияи оғоз ёфтаву идома дошт.
  Солҳои 1962 – 1964 директори мактаби рақами 13-и деҳаи Бунай, солҳои 1964 – 1965 хизмат дар сафҳои Артиши Шӯравӣ, 1965 – 1969 идомаи хизмати сарварии мактаби миёнаи рақами 3-и деҳаи Бунай дошта, баъд чунин тағйири вазифа намудааст: солҳои 1969 – 1970 мудири кабинети методии шӯъбаи маорифи халқи ноҳияи Ванҷ, 1970 – 1972 дастурдиҳандаи (инструктор) шӯъбаи ташкилии кумитаи ҳизби коммунисти ноҳия, 1972 – 1987 раиси деҳшӯрои депутатҳои халқии Жовид, 1987 – 1993 мудири шӯъбаи маорифи халқи ноҳия, 1993 – 1995 муовини раиси Шӯрои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 1995 – 1999 раиси ҷамоати деҳоти Жовид. Аз соли 1999 нафақахӯри шахсӣ.
  Дар тамоми давраи иҷрои ин вазифаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносии Ширинҷон Дамдоров аён будаву бо туфайли ом дар назди ҳамдиёрон эътибори хоса пайдо намудааст. Заҳмати тӯлонӣ ва намунавии Ширинҷон Дамдоров бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” ва чандин медапу ифтихорномаҳои ҳизбию шӯравӣ ва давлатӣ қадр шудааст. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев.

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.