Аҳмад Шарипов дар деҳшӯрои Водхуди ноҳияи Ванҷ 13 октябри соли 1953 ба олами ҳастӣ омадааст. Баъд аз таҳсили мактаби миёна, бо сабаби маҳдудии интихоби касб барои наврасони кӯҳистони Бадахшон, аввал орзуи муаллим шуданро намуда, солҳои 1969-1973 дар омӯзишгоҳи омӯзгории ш.Қӯрғонтеппа таҳсил намуд. Солҳои 1973-1976 як муддат дар ноҳияҳои Колхозобод ва Қумсангир муаллими синфҳои ибтидоӣ шуда кор кардааст.
Хизмат дар сафи қувваҳои сарҳадии Иттиҳоди Шӯравӣ барои А.Шарипов солҳои тақдирсоз шуданд ва ҳамон вақт касби ҳуқуқшинос ва дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмат карданро ихтиёр намуд. Соли 1976 ба факултаи ҳукуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил гардида, онро соли 1981 хатм намуд. Аз ҳамин сол дар мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ то ҳол бомуваффақият фаъолият дорад. Солҳои 1981-1992 муфаттиш, сармуфатиши прокуратураҳои ноҳияи Роҳи оҳани ш.Душанбе ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, 1992-1995 прокурори шӯъба дар Прокуратураи генералии ҶТ ифои вазифа кардааст.
Фаъолияти минбаъдаи А.Шарипов чунин сурат гирифтааст: солҳои 1995-2000 вазифаи сармуфаттишии Сарпрокуратураи ҳарбии ҶТ-ро адо менамуд, аз соли 2000 инҷониб полковники адлия А.Шарипов дар вазифаи ёрдамчии калони Прокурори генералии ҶТ оиди назорати иҷрои қонунҳо дар Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ машғули фаъолият аст. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).
Назари хешро иброз кунед