Маҳмуди Дарвозӣ
Зо дчорум санами хосасхан бонамаке,
Офати ҷуну длу ишвагари камгапаке.
Ӯ рамия зи мну мн зи ғамаш мурам зор,
Ёфт мазмуни мну гашт бгуфт нармакаке.
Ту чӣ дорию длт ай паи мн чу хун аст,
Гфтамаш ҷалд марав, дамта бгӣ якдамаке.
Гуфт хап шав, ки бубом ай сари ту бингараме,
Ҳала пақ-пақ ту биё, то ки набина касаке.
Эй, ки ҷунм садқат, мумаву бобам садқат,
Гуфт, аҳ ай муни саркал, ки бмураст мараке.
Ба худову сари бобам, ки навомем ай ту,
Мезанм куртама чок, ҳала бадар ша мараке.
Гфтм: эй ҷуни шрин, оруми ҷунут на мунум?
Қаҳ-қаҳ ханда кара гуфт: биё як шаваке.
Гфтамаш шав, ки биёйм ту ки ғав-ғав книмӣ,
Гуфт: не-не, ҳама хованд, биё нармакаке.
Рафтму шодикнон ҳалқа задм дар кӯяш,
Сина ба сина ниҳодам, ду лаба ба лабаке.
Сахт оғуш грфтум, ки наҷунбӣ ай ҷош,
Гуфт: ночом груфтӣ, чӣ кунум аҳ мнаке.
Ҳумри Маҳмуд ба шаст умаву ҳафтод расӣ,
Ҳарзи аҳвол намудем ва ӯ як шаваке.
Мулло Мирхоҷаи Ноҷӣ
Маҳваши лапбашанди гулрухсор,
Лӯвдӣ бо ман ба лаъли шаккарбор.
Оразаш хиру абрувонаш теғ,
Тар пуро я бигуфтамаш бисёр.
Лӯвдум, эй нозанини шакарлаб,
Ба мурдак аз лабон ду-се, чор.
Ят ба паҳлӯи ман нишаст он гул,
Додӣ гулхо ба гушаи дастор.
Даст дар гарданаш чудум маҳкам,
Нустум андар бараш бад-ин атвор.
Семи оҳувашаш ба сад ишва.
Путчи новакаш намуд афгор.
Лафзи шуғнию харфи дарвозӣ,
Ноҷиё, ширу шакарат гуфтор.
Лғати шғнӣ ба дарвозӣ:
Лапбашанд – бисё хуб, нағз
Лӯвдӣ – гфтӣ
Хир – афтов
Тар пуро я – пешм биё
Лӯвдум – гфтм
Мур даак – бдем
Ят – ума
Додӣ – зо
Чудм -карм
Нустум – шстм
Сем – чшм
Путч – мужа
Ғазали Ноҷӣ дар пайравӣ аз Ҳофиз:
Ало ё ҳай, ҳа лӯливаши ҳайкалҳамоилхо,
Шиям калкоти ҳшбура, сабк ҳамранги каҳгилҳо.
Зи пун то сар хату холи халилун ҳоламе кшта,
Ҳш ай сар, сабр ай дил, фара ай тан баста маҳмилҳо.
Набаста вожки дӯстӣ дар гарданум якраҳ,
Ӯ ва сохти санги мармар дошт дл дар ҳалли мушкилҳо.
Лаве буроя чн ғнча, агар гап мезана тутӣ,
Ҳасал, шаҳду шакар реза, биёву кун тановилхо.
Бувад дар чашми ман рафтори ӯ кавги саҳаргоҳӣ,
Замин миннат кна, раҳ мерава армун дар дилҳо.
Буровард усмаву зо сурма ба чшмони шаҳлояш,
Сафеда сурхӣ ба лунҷо, ҳане ба панҷа гул-гулҳо.
Ғапучук дар таи бори ғамш, Ноҷӣ, чпқ мундм,
Надо рӯ ба мн ҳаргиз амқадар шим зору моилҳо. (Аз забони Ёдгори Рохарвӣ навишта).
Шав хов дим
Шав хов дим, лахти ҷигар, лаъли лави дурдуната,
Чандон тамошоҳо карм чашмуни пурмастуната.
Сурхӣ, зиҳӣ, бай лунҷо, носпоти ҳшбурам карӣ,
Гаштӣ раҳи шоҳм зай, бод аспи каҷ пурхуната.
Ман қарчағайни дар камм, чашмом ҳавзи синатай,
Ай ҷот бҷнбӣ, мегирм, мурғовиҳои сината.
Дар майлиси сурои пос, дастм бду дастм дроз,
Дастт агар холӣ бувад, қап мекнм дствоната.
Арму намонад дар длм, важғаб занам дар рӯт прӯ,
Девонавор биспуфм лаъли лави дурдуната.
Розию шартӣ мегирм, шахшулиёота бас кнӣ,
Хунсор ва чангот накним, вахте бмунм фуната. (Аз баёзи Дарвоз. Ноҷӣ)
Як ра напрсӣ
Як раҳ напурсӣ ту мна, ту ко рамиву чо кмӣ,
Заҳроваи земорчкт, имрӯзма фардо кмӣ.
Ай у бари деволи ту, вахте бошм мн рӯпрӯ,
Ов мегирм дар ҷои хд, вахте ки сар боло кмӣ.
Ай мн на тарфи дуна мунд, на мағзу чормағзу ҳамел,
Ганҷури мумам холи шӣ, охир мна расво кмӣ.
Ҳшбураи софм карай, нозанини маҳлиқо,
Срхира заай да линҷот, ва хд мна шайдо кмӣ.
Дига нашин дар пешакм, заҳрат дрӣ, талхам кафӣ,
Дар талхии ҷун канданм, шстай тамошоҳо кмӣ.
Мулло Азими Кайфӣ
Навомем ай салуми бевасила,
Зи ҳар ҷо кирмаки бетору пила.
Биёрем ҳар гаҳе чанде, ки ума,
Агар чанде, ки бошад ҷумат шила.
Салуми хушку холӣ беалек аст,
Чзем медӣ бошӣ дар тори нила.
Агар нунш бдӣ як ҳафта ҳар рӯз,
Саворӣ мекнӣ, охир ту фила.
Намебахша ба ту нафси занакро,
Магам розӣ кунӣ марди вакила.
Ту шаҳват пеша кун, Кайфӣ, ба дунё,
Хдо бад бинаме марди бахила. (Аз баёзи дастхати Кайфӣ).
Дар ови хнк
Дар ови хнк нуни тнк сар назаме пок,
Беғайри ғанӣ ҳар фақира дар назаме пок.
Ҳар раҳгзаре дим салум асту алайке,
Бо марди раҳӣ ҳар гапу чанбар назаме пок.
Сирре, ки даруни дили ман асту ниҳунӣ,
Ҳам ва падару модару хоҳар назаме пок.
То лавма кафундм, ки ба ҳолам бараменш,
На ва пашаи мода ва на нар назаме пок.
Лофе назаме мн, кн найм итару утар,
Сарма ва сарни ҷоҳили ҳар хар назаме пок.
Бечораму маҷрӯ сари мастӣ надорм,
Мунанди шкайнӣ ба сарам пар назаме пок.
Кун мундм шиштм ба сари кохи қаноат,
Ҳу баҳри тамаъ ранги қаландар назаме пок.
Дар пеши бахилуну лаҳимуну хабесун,
Ай гшнагии хеш дами сард назаме пок.
Вахте, ки Алӣ бошад, биҷум ҳар чӣ, ки медам,
Ӯ нест, даме бар дари Қамбар назаме пок.
Ҳаргиз нараме бар дари навкисаи зардор,
Рухсора ба ранги гули заъфар назаме пок.
Ҳотамсифате нест, дареғ, амтари Ҳотам,
Пайма ва дари мрчки хрбар назаме пок.
Ҷустан зи шаҳу мир чизе муслиҳатам нест,
Ёҷуҷсифат садди Сикандар назаме пок.
Мир марди калун аст,шаҳ ай мир калунтар,
Дар тори ду кас пояи минбар назаме пок.
Ҷое, кн натуме нараме, пома намуме,
Ай пеши занм хеставу дар ҷар назаме пок… (Аз баёзи дастхат).
То пир гараме одам
То пир гараме одам, қомат гараме чахта,
Дар чахта пайи дунё, месоза чахочахта.
Ҳирсу ҳаваси дунё лоиқ ба ҷувун дора,
Пирона муносиб чист, оқирваи прпхта.
Ай пири дусадсола тавфиқи ҷувунун беҳ,
Ғофил зи худо бошанд, мардуни ҳумррафта.
Пире, кн ҷувунтабъ аст, ӯ бобаи шайтун аст,
Дӯхзах барамун фардо, шайтун қатӣ бадбахта.
Бас кай кнме, Кайфӣ, фосиқмазаи фисқа,
Дӯзах бгира фардо, бай кофара дӯзахта.
Мирзо Лиқо
Ғал бдуме, ки ту чу зулфа парешун карай,
Мнаки хархапака бесару сомун карай.
Амза умам ва барт ҳеҷ надоим ту мачак,
Рӯи чшмм ва бари рӯм ту Ҷайҳун карай.
Карай айшу нишота ва рафеқуни дигар,
Ситаму ҷавра насиби мни маҷлун карай.
Рӯзе мурем, ки кабутпӯш гаран пиру ҷавон,
Ин чӣ инсоф, ки ту куртата глгун карай.
Ба ҳазизуну бузургуну калимои Худо,
Сӯхта-сӯхта ту мна да ҳишқ бурюн карай.
Саид Аҳмади Орӣ
Мни дармунда ҳарчанд мекнм сад потелк янда,
Нашӣ ҳосил ва мн як пилтаи тоқишлк янда.
Ҳама дар ин замуна соҳиби нун шиву ай ҷума,
Мни флхос бод кабме ва ранги бодхрк янда.
Брафтан булбулун дар боғ мн рӯи ҷуҷаву ҷандм,
Заҳам важғап, кме қоб-қоб ранги мрғи крк янда.
Длм мега чу кн бра бай млки обода,
Чӣ естмӣ бахши як қошқ ҳпкови тнк янда.
Биёрм як тарӣ отолаву як кафгири ора,
Ҳанӯз як қрт нахӯрм мегара сад кас флқ янда. (Ҷонӣ ай деҳаи Хмби Валӣ, навиштаи хди шоир).
Шав, км умам ва дарт
Шав, ки умам ва дарт, шаҳми ту мр-мр кнаме,
Чархаша мунда ҳамаш, пилтата тр-тр кнаме.
Важғап зом таҳи поресаи оғл ва прӯ,
Ай друн гови фарш нолшу ншхр кнаме.
Гфтм убарта брам ббинм ун ҷуни шрин,
Ки рафтм дим ва пшт ховаю хр-хр кнаме.
Баҳри ведор каранш санге ҳавола бкарм,
Саги зориша бдим, ки бай рӯма ҳр-ҳр кнаме.
Лифама зом ва миюн бахши грехтан, внгам,
Ва длм боз бгфтм, ки сагш ср кнаме.
Боз як рӯзи дигар рафтм, ки бншинм ва қатиш,
Мна, ки дӣ да паси новаҷо мнҷр кнаме.
Ҳавагармш, ки ва мн як гапи рост назо,
Ва дрӯғгӯӣ дли Ҷонира бо пр кнаме.
Ҳамдуллои Дарвозӣ
Аспоо заам дар млки Ванҷ,
Ин байта мн барпо кме.
Рангм ва ранги заъфарун,
Ҳақ ай длм мн ҷо кме.
Қозӣ Наботи Дарвозӣ
Хафаву зиқ шиям, гфтор навомем ғалак,
Фикри хов дорм, ведор навомем ғалак.
Длм мега чу кн Дарвоз бра,
Боз ай авғони хунхор навомем ғалак.
Боша пӯсти бқагову ай ситаму ҷаврора,
Мӯзаву маҳсии булғор навомем ғалак.
Боша нуни арзунӣ, ки мдум ғаж бзанем,
Деги оши сари бозор навомем ғалак.
Мастони Рохарвӣ
Вусто ту ин боғи при мева ббин,
Да таи ҳар тут қофилаи бева ббин.
Рангзард занако дием да рӯзи баҳор,
Ту боз ай вно мастиву нозу ишва ббин.
Мулло Дӯсти Ёгедӣ
Ғал бдумат, ки ту чу злфа парешун кара бий,
Мнаки хрхпкака бесару сомун кара бий.
Амза, ки зрвим, шк-шки шк шим ва барт,
Ҳиҷ надоим як мачак ови чшма чу Ҷайҳун кара бий.
Ба азизуну бзргуну калунуни Дарвоз,
Мни саҳмотаи саҳмотара ҳайрун кара бий.
Мирзо Шафеи Дарвозӣ
Вало, ки мна ҷураи шато навоме,
Ай лӯлии бозингари маддо навоме.
Ай бевазани дубини дубоф навоме,
Ай додани як севи туруш навоме.
Аблаҳ бувад, он ки бисорад занакоро,
Ай рафтани пақ-пақи паси девол навоме.
Шафеъ ту қабул кун ба ҷаҳон қисмати ҳақро,
Ҷаннат наталаб ё нагӯ ай нор навоме.
Аз бахши “Мулҳақот”-и китоби “Муллоёри Ванҷӣ, аҳвол ва ашъор”-и А. Ҳабибов.
Қозӣ Наботи Дарвозӣ ғазали машҳури Мулло Ёрии раҳматуллоҳу алайҳро руйбардор кардаву бе рангу бе мазмун ба номи худ кардааст ё муҳаққиқе иштибоҳ кардааст. Беҳтараш ин шеър аз саҳфа ҳазф шаваду ғазали ноби Ёри гузошта шавад.. Ғазал ин аст:
Мачаке ай ду лави ёр навомем ғалак,
Шалпари зорму гуфтор навомем ғалак.
Занакун ҷамъ шиян мағзшакӣ дар шлақак,
Бевабозор дар ин кор навомем ғалак.
Боша чарми бқагов ай алами лойора,
Чоруқу мӯзаи блғор навомем ғалак.
Чнграк шставу чшмом ҷлқ дар хуна,
Оши берӯғани бозор навомем ғалак.
Хаставу зору ғабучк ба таи бори ғамм,
Санамо, вуч накн, ай тор навомем ғалак.
Орифи маънӣ ҳама карда ай ин млк фирор,
Суҳбати қавми дилозор навомем ғалак.
Блблу қумрӣ, ки жӯлидапару бол шиян,
Баҳси крҷк ба сари хор навомем ғалак.
Ёриё, чақ-чақу дспарниву кашталгирӣ,
Бо длу синаи авгор навомем ғалак.
Бо Аъзамшо хамфикрам!