Азизхуҷа Гардишов

  Азизхуҷа Гардишов 1 январи соли 1951 дар деҳаи Рохарв, ноҳияи Ванҷ дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1968 мактаби миёнаи рақами 4-и ноҳияи мазкурро хатм намуда, аз соли 1969 то соли 1971 дар сафи қувваҳои Артиши Шӯравй адои хизмат кардааст. Аз соли 1972 то соли 1976 чун корманди корҳои дохила фаъолият дошт. Баъди хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ӯ ҳаёти худро батамом ба мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ пайваст.  
  Аз соли 1976 то соли 1979 ба ҳайси муфаттиши прокуратураи ноҳияи Ванҷ, сипас аз соли 1979 то соли 1981 муфаттиши калони прокуратураи ВАБК, аз соли 1981 то соли 1984 муфатиши калони прокуратураи шаҳри Орҷоникидзеобод буд. Қобилияти кордонӣ ва маҳорати касбии ӯро ба назар гирифта, соли 1984 ба вазифаи прокурори ноҳия Комсомолобод, сипас соли 1989 ба вазифаи прокурори ноҳияи Файзобод таъин гардид.  
  Аз соли 1992 дар вазифаи сардори шӯъбаи прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди назорати иҷрои қонун аз болои тафтишот ва таҳқиқот дар мақомоти Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, баъдтар, соли 1993 ба вазифаи прокурори ноҳияи Ванҷ таъин шуд. Аз соли 1995-1996 сармуфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипас соли 1996 то соли 1997 дар вазифаи муовини аввали прокурори шаҳри Хӯҷанд ва аз соли 1998 то соли 2000 ба ҳайси муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Суғд машғул ба фаъолият буд. Аз моҳи марти соли 2000 то охири ҳаёт вазифаи муовини прокурори вилояти Суғдро ба ҷо меовард.
  Дар давраи фаъолияти меҳнатиаш А.Гардишов худро ҳамчун корманди ҷиддӣ, ташаббускор, болаёқат ва дорандаи дониши чуқури касбӣ нишон додааст. Таҷрибаи пешқадами А.Гардишов бо фармони прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандони мақомоти прокуратураи ҷумҳури тарғиб шудааст.  
  Ӯ чун корманди фахрии прокуратураи Генералии ҶумҳурииТоҷикистон, якчанд маротиба ба лавҳаи фахрии Прокуратураи Генералии Иттифоқн Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. А.Гардишев инчунин барои хизматҳои намунавӣ бо Фармони (укази) Президиуми Олии Иттифоқи Шӯравӣ 2 маротиба бо Ифтихорномаҳо қадр гардидааст.Моҳи агусти соли 2003 риштаи ҳаёти ин марди корозмуда ба таври фоҷиавӣ (садамаи автомобилӣ) канда шуд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ.Пирумшоев).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.