Авҷалимбек Камолиддинов соли 1917 дар деҳаи Одешти амлокдории Ванҷ, дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Ҳанӯз аз давраи наврасӣ ба кори кишоварзӣ ибтидои шуғли меҳнат кардааст.
Дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии деҳқонӣ заҳмат ба харҷ дода бошад ҳам, маҳз касби чӯпонӣ барояш обрӯю эътибор бахшидааст. Ӯ ба ин шӯғли дӯстдошта қариб ним аср (45 сол) машғул будаву дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ба даст овардааст.
Натиҷаи ҳамин меҳнати садоқатмандона буд, ки ӯ ба унвони баланди ифтихории Устоди чорводории Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гаштаву дорандаи чандин мукофоту ифтихорномаҳо шинохта мешавад. Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев. Ҳуруфчин Бежан Ашрафӣ.
Назари хешро иброз кунед