Кофарсулох

  KofarsuloxДар байни деҳаҳои Ғуҷовасу Вишхарваки Ванҷ мавзеъеро Кофарсулох меноманд ва дар он ҷо ғоре мавҷуд аст. Дар бораи он дар миёни мардум ривояте паҳн гаштааст, ки гӯё дар замонҳои пеш пиронсолони бемору заифро бурда, дар он ҷо мепартофтаанд. Фарзандон волидайни пиру нотавонро пуштора ба он ҷо бароварда, барои мурдан мегузоштаанд. Боре ҷавоне падари пирро ба он ҷо мебарад ва аз хастагии роҳ дар болои санге нишаста, дам мегирад. Падар оҳи сарде мекашад ва ӯ сабаб мепурсад. Падар мегӯяд, ки ба ёд овардам, ман ҳам мисли ту ҷавоне будам, падари пиру беморамро ба сӯи Кофарсулох меовардам ва дар ҳамин санг дам гирифта будам. Писар чанде андешида, хешро ба ҷои падар тасаввур карда, аз чунин қисмат тарсида, аз карда пушаймон гашта, падарро пас оварда, ба ҳамин тариқ ин расмро аз байн мебарад.
  Ривояҳо дар бораи расми ба дашту кӯҳ (мувофиқ ба мавқеи ҷуғрофии маҳал) барои мурдан бурда партофтани пиронсолон дар миёни ақвоми зиёд, хусусан, тоҷикони манотоқи мухталиф мавҷуд аст. Дар баъзе дину оинҳои қадимӣ расми куштани одамони заифу бемор, пиру кӯдакони ноқису духтарбачагон ҷой дошт ва ривоёт дар мавриди ин русум аз замонҳои парастиши он оинҳо боқӣ мондаанд. Зардуштиён ҷасадро наҷис ва ҳама гуна беморию нуқсу аразу мусибатро таъсири нерӯи бади аҳриманӣ ва нопок мешумурданд. Аз ин рӯ, тани мурдаро ба хотири нарасидан ба ашёи пок мисли хоку обу оташу нопок нагардониданашон дар ҷои махсус “дахма” мегузоштанд. Дахма ҷои баланд, бо се қабат саҳни мудаввар ва маркази амиқ қабристони махсуси зардуштиён маҳсуб мешуд. Дар саҳни аввал ҷасади мардон, дар миёна занон ва дар саввуми кӯдаконро мегузоштанд ва пас аз канда хӯрдани гӯшташон аз ҷониби лошахӯрон устухонҳояшон ба чуқурии маркази он партофта мешуданд.
  Зардуштиён маразу бемориҳо, пири заифӣ, мусибат ва тамоми бадиҳоро ба худои бадӣ Аҳриман нисбат дода, сабаби вуҷуду хуруҷи ҳамаи инро ӯву ёру ёваронашро дониста, наҷису нопок мешумурданд. Аз ин ҷиҳат, дар нисбати бемору пиру заифон рафтори бераҳмонаро раво медиданд. Заъфу бемориро дар инсон ҳамчун таъсири арвоҳи бад нопок шумурда, афроди мубталои онро барои наҷис нагардонидани дигарон дар ҷои алоҳида дар шароити бад нигаҳ медоштанд, хӯроки бад дода, наздикиву муроқибат намекарданд, ки ин сабаби ҳалокати беморон мегашт. Дараҷаи маргу мириш дар миёни зардуштиён (хусусан, зану кӯдакон) хеле баланд буд. Пирию заифиро низ таъсири нерӯи аҳриманӣ мешумурданд ва мардуми мо, ки ағлабан дар гузашта пайрави оини зардуштӣ буданд, шояд пиронсолонро барои эминӣ аз таъсири арвоҳи бад тавассути онҳо ба кӯҳу дашту даман мебурданд.Kofarslox
  Вожаи “силох” (дар гӯиши маҳал “слох”) маънои сӯрох, шикоф, ғорро дорад, “кофарслох” – ғори кофирон. Кофарсулохи мазкур рабте ба мардуми имрӯзаи Ванҷ ва бобоёнашон надорад. Онро аҷдоди мардуми мусалмони имрӯза чунин ном ниҳодаанд. Чунки “кофар” истилоҳи марбут ба мусалмонӣ буда, чунин одат дар ислом мамнӯъ буда аст. Таҳқиқоти таърихӣ собит намудаанд, ки дар Ванҷ беш аз ҳазор сол пеш ҳаёту тамаддун вуҷуд доштааст. Бошандагони ин диёр аз қадим шояд чанд оин аз сар гузаронида бошанд, вале пеш аз мусалмонӣ озаркеш (зардуштӣ) будаанд. Кофарсулох марбут ба мардуми зардуштӣ буда, ё дахма ва ё ҷои гузоштани бемору заифон будааст. Мардуми мусалмони баъдомада, ки зардуштиёнро кофар мешумурданд, он ҷоро “Ғори кофарон” (кофарсулох) номидаанд.
  Дар ин мавзеъ барои маълумоти дақиқтар бояд таҳқиқоти таърихӣ, ҳафриёти археологӣ гузаронида шавад. Пас маълум хоҳад шуд, ки он дахма ё партобгоҳи одамӣ будааст, ё ғори одие, ки дар борааш ривояту асотир офаридаанд. Ашраф Акрам. (Дар расмҳо кӯҳи Кофарсулох. Расмҳо аз Нурмуҳаммад Ёров).

Ҳошияи назарҳо

Назари хешро иброз кунед

Email-и шумо мунташир нахоҳад шуд.