Сарзамини Ванҷи пурганҷи Бадахшон ба Тоҷикистони азиз на танҳо олимону орифон, балки ҳофизону ромишгарони мумтозеро ато кардааст. Абдулло Маҳмадшоев низ яке аз онҳо мебошанд. Устоди санъат Абдулло Маҳмадшоев соли 1937 дар хонадони деҳқон ва марди саховатманд Маҳмадшо дар деҳаи сарсабзу пурфайзи Лахш ба дунё омадааст. Таҳсилоти ҳафтсоларо дар мактаби маркази ҷамоат (№6) гирифта, маълумоти миёнаро дар ноҳияи Рӯшон фаро гирифт.
Дар баробари корy фаъолият дар колхоз бо овози марғyладори хеш дар тӯю сyри мардyм ҳyнарнамоӣ намyда, фараҳбахши дилҳои мардyм гардид. Дар як фурсати кӯтоҳ шӯҳратy маҳбyбияти эшон марзи ноҳиявy вилоятро yбyр карда, то пойтахт – шаҳри Дyшанбе расид.
Аз ин ҷост, ки бо даъвати хоси мақомоти бахши фарҳангии ҷyмхурӣ солҳои 1960 – 1967 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон корy фаъолият намyд. Баъди бозгашт ҳамзамон бо корy фаъолият дар Хонаи аданияти ноҳия, Омӯзишгоҳи мусиқии ноҳияи Рудакиро низ хатм намyд. Аз соли 1970 то ба нафақа баромадан вазифаи мудири Хонаи Маданяти Водхудро ба дӯш дошт.
Устод Абдулло Маҳмадшоев иштирокчии фаъоли озмуну фестивалҳои сатҳи ҷумҳурӣ, аз ҷyмла Бӯстон, ансанблҳои фалакхонону наътхонон (якҷоя бо Шобеков Бачабек, Назарӣ Вазиров ва писараш Раҳматулло Маҳмадшоев), ансамблҳои оилавӣ буданд.
Ҳама хизматy талошоҳо ва фидокориҳои устоди санъат Абдyллоҳ Маҳмадшоев баҳри рyшдy нyмӯи санъати ноби мардyмро ба эътибор гирифта, бо фармони Президенти Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 2000 ба Абдулло Маҳмадшоев унвони Корманди шоистаи санъати Тоҷикистон дода шуд. Устод соли 2008 дар синни 71 солагӣ дар зодгоҳи хyд чашм аз ин олам пӯшид.
Қобили зикр аст,ки Устод Абдyллоҳ Маҳмадшоҳ дар баробари ҳyнари волои сарояндагӣ, чун як деҳқони меҳнаткаши асил ва устои чирадасти асбобҳои мyсиқӣ, табақy қошуқ ва дигар лавозимоти чӯбӣ шyҳрат доштаанд. Соли гyзашта (2018) дар сатҳи ноҳиявӣ маросими ёдбyди Устод Абдyллоҳи Маҳмадшоҳ бо иштироки намояндагони фарҳангии ноҳия ва вилоят баргузор шуд. Ёдат ба хайр хунёгар ва ҳофизи мумтоз!. Давлатмир Юнусзода. 2019.
Назари хешро иброз кунед